Душанбе интизори ноиби волии Санкт-Петербург

Анна Митянина, ноиби губернатори Санкт-Петербург дар раъси як ҳайат ба Душанбе меояд.
Татяна Мудрова, раҳбари шӯъбаи кишварҳои ИДМ дар мақомоти Санкт-Петербург мегӯяд, ин сафар аз 25 то 27 сентябр идома хоҳад кард ва дар ҷараёни он хонум Митянина бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дидору гуфтугӯ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Санкт-Петербург аз намояндагони мақомоти вилоят, табибони баландихтисос ва ҳунармандон иборат аст. “Дар ҷараёни боздиди ҳайат имзои Протокол ба созишномаи миёни маъмурияти Санкт-Петербург ва Ҳукумати шаҳри Душанбе аз 28.04.1999 бо Нақшаи фаъолиятҳои муштарак барои солҳои 2017-2018, баргузории мизҳои гирд ва мулоқотҳо барои табодули таҷриба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва мастер-классҳо барои табибони тоҷик дар назар аст”.
Қарор аст, 25 сентябр дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣбо иштироки ҳунармандони операи Санкт-Петербург -- Виктория Ястребова ва Григорий Чернетсов барномаи консертӣ баргузор шавад: “26 сентябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти гуруҳи “Feel'armonia” доир мешавад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |