“Боми ҷаҳон”-намоиши аксҳои Абдураззоқов дар Порис (АКС)
Дар маркази фарҳанги ACTISCE-и пойтахти Фаронса намоиши аксҳои рассом ва аккоси шинохтаи тоҷик Ниссор Абдураззоқов зери унвони “Тоҷикистон-боми ҷаҳон” доир мегардад.
Дар ин бора Абдураззоқов дар саҳфаи фейсбукияш иттилоъ дода гуфтааст, намоиш санаи 21 сентябр баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи намоиши аксҳо дар назар аст ҳамчунин филми ҳуҷҷатии “Чарх”-и Мақсудшо Иматшоев, ки дар бораи баъзе аз деҳаҳои Бадахшон аст, ба намоиш гузошта мешавад. Гуфта мешавад, намоиш дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва ҷамъияти тоҷикон “Равзана” роҳандозӣ шудааст.
Ин нахустин намоиши аксҳои Ниссор Абдураззоқов дар сатҳи байналмилалӣ набуда, намоиши қаблии ӯ дар Шветсия доир шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |