Шариф Шербеков нақл мекунад, ки тобистони соли 2015 ҳамсараш Адолат, ки 60 сол умр дорад бо ду келинаш қасди рафтан ба Сурияро карда, дар марзи Қирғизистон қабл аз сафар боздошт шудаанд. Щоло ба муҳлати 5 то 6 сол равонаи зиндон шудаанд. Вай мегӯяд саломатии ҳамсараш Адолат чандон хуб нест ва зуд фишораш баланд мешавад: “Ҳамсарам мегӯяд, ки аз кори кардагиаш пушаймон аст, хабаргириаш меравам. Саломатиаш хуб нест, фишораш пасту баланд мешавад. Дирӯз ба 700 сомонӣ дору харида бурдам. Дигар чора надорад, подоши кори кардаашро аз давлат гирифта истодааст”.
Фарзанди калонии Шариф Шербков қабл аз сафари дубора ба Русия дар деҳа мардумро ба роҳи Ислом даъват мекардааст. Аз онҳо даъват ба амал меовардаст, ки бояд риш монад ва намоз хонанд. Падараш борҳо ба ӯ таъкид кардааст, ки бо ин амал ояндаи худро норушан месозӣ.
Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон мегӯяд, садҳо хонавода мисли Шариф Шербеков солҳо аз фарзандонашон хабар надоранд ва мунтазири он ҳастанд, ки аз онҳо хабаре шунаванд. Тақдири онҳо низ маълум нест, ки дар чӣ шароите ба сар мебаранд.
Тибқи иттилои бахши кор бо дин ва танзими расму оинҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз соли 2014 то шаш моҳи соли 2017 беш аз 60 сокини ноҳияи Қубодиён ба ДИИШ пайвастаанд, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд ва тақдири онҳо норушан аст.
Амонҷон Муҳиддинов
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст. Мӯҳр