Барои Фирӯз Холмуродзода 17 соли зиндон талаб шудааст

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода, корманди пешини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 17 соли маҳрумият аз озодӣ талаб кардааст.
Радиои Озодӣ мегӯяд, айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин барои Фирдавс Абдуғаффорзода 15 сол, Амиршо Султонзода 12, Қосим Давлатов 7, Афзалов 7 ва Сафаралӣ Ҳомидзода 7 соли зиндон тақозо кардааст. Ба иттилои манбаъ, намояндаи додситонӣ гуфтааст, дар ҷараёни тафтиш ва муҳокимаи додгоҳӣ гунаҳкории гумонбарон пурра тасдиқ шудааст. Ин шаш мақоми собиқи Оҷонсии зиддифасод, рӯзи 12 сентябр дар мурофиаи ниҳоӣ сухани охири худро иброз дошта ва аз додрас хостаанд, “ҳукми одилона” содир кунад.
Баррасии парвандаи ин афрод дар Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста сурат мегирад. Онҳо дар “қаллобӣ”, “гирифтани пора” ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам мешаванд. Авохири моҳи июл хабари эълони ҳукми Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд расонаӣ шуд. Ба иттилои расида ба даҳуним солии зиндон маҳкум шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |