Алиев гуфт, имконоти ҳамкорӣ бо Душанбе истифода нашудаанд
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон мегӯяд, имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон феълан истифода нашудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Озарбойҷон ин нуктаро Алиев зимни қабули эътимоднома аз Рустам Солиев, сафари навтаъини Тоҷикистон дар Боку изҳор доштааст.
Алиев аз ҷумла хостори густариши ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ шудааст: “Имкониятҳои зиёди додугирифти мол тариқи нақлиёти автомобилӣ мавҷуд мебошанд”.
Ҷонибҳо инчунин дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, маориф ва мубориза бо терроризм табодули афкор намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |