Азми Тошканд барои зиёд кардани намояндагиҳо дар Тоҷикистон

Ду ширкати бузурги давлатии Узбакистон,- Бунёди дастгирии содироти корхонаҳои соҳибкории хурд ва “Узтрейд” ният доранд, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз кунанд.
Дар ин бора расонаҳои Узбакистон иттилоъ дода, афзудаанд, ки Бунёди дастгирии содирот, ниҳоди тобеи Бонки миллии ин кишвар намояндагияшро ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд боз хоҳад кард.
Манбаъ афзуд, ки ахиран намояндагони Узбакистон ва Тоҷикистон барои ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ дар ҳаҷми як миллион доллар шартнома бастаанд: “Ҳамчунин барои зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ, нассоҷӣ, аз қабили собун, маҳсулоти тайёр аз гипс, қубурҳо, масолеҳи сантехникӣ ва ғайра бо соҳибкорони дигар гуфтугӯҳо идома доранд”.
Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, ки сохтани маркази тиҷоратии "Узтрейд Тоҷикистон" низ барои зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти Узбакистон ва қавӣ кардани мавқеи он дар бозори маҳаллӣ нақш хоҳад гузошт.
Қаблан ҷониби Узбакистон иттилоъ дода буд, ки танҳо дар нимсолаи аввали 2017 гардиши савдои ин кишвар бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар умум 13% ва бо Тоҷикистон 22% афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |