Боздошти корманди “қалбакӣ”-и БДА баъди порагирӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола, сокини ноҳияи Ашт хабар дод, ки худро корманди милиса муаррифӣ карда, аз марди 40-сола пора талаб кардааст.
Тибқи иттилои ВКД ба мақомоти милисаи ноҳияи Ашт сокини 40-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки тахминан соати 22:00-дақиқа, марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамон, автомашинаи тамғаи “Тико”-ро манъ намуда, худашро ҳамчун корманди милитсия намудааст: “Милисаи қалбакӣ бо баҳонаи гузаштани мӯҳлати муоинаи техникии автомашинаи мазкур, рақами пеши автомашинаро гирифта, барои баргардонидани он 400-сомониро ҳамчун пора талаб намудааст”.
ВКД афзуд, ки 8-уми сентябр корманди тақаллубии милиса ҳангоми гирифтани 300-сомонӣ, аз ҷониби кормандони воқеии милиса дастгир шуд: "Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |