Шӯрои уламо ба Абдуллоҳ: Издивоҷ бо яҳудию масеҳӣ дуруст аст
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Абдуллоҳ, як марди тоҷик, ки дар хориҷи кишвар асту дар масъалаи хонадоршавӣ бо зане аз дини дигар дар дуроҳа қарор дорад, маслиҳат додааст.
Тибқи иттилои сомонаи Шӯрои уламо, Абдуллоҳ як марди тоҷики муқими хориҷи Тоҷикистон ба ин ниҳод муроҷиат карда, арз доштааст, ки мехоҳад дар беруни Тоҷикистон хонадор шавад: “Оё ман метавонам, ки духтари бедин ё духтареро, ки дар дигар дин аст, ба занӣ бигирам? Чунки дини Ислом маҷбурӣ нест ва ман ҳақ надорам, ки ӯро маҷбур ба дини Ислом дароварам. Инчунин ҳадиси Пайғамбар (с) аст, ки мефармояд: "Шумо занҳоро аз рӯи диндорӣ интихоб намоед". Лутфан ба ман бигӯед, ки ман метавонам бо духтари бедин никоҳ карда зиндагӣ кунам?”
Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки “бародари азиз, никоҳ кардан бо зане, ки пайрави дини яҳудӣ ё масеҳӣ аст, ҷоиз мебошад. Албатта никоҳ бо зани мусулмон беҳтару хубтар аст. Аммо никоҳ бо зани маҷусӣ ё бутпараст дуруст нест”.
Ин ниҳод далели фатвояшро саҳифаҳои 49-50-и “Мухтасарул-виқоя” нишон додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |