Ютейр: Туро мебарам, туро не, бағоҷ пагоҳ...(АКС)
Даҳҳо мусофири тоҷик, ки дар даст чиптаҳои “Ютейр”-ро доранд, шоми 7-уми август натавонистанд дар фурудгоҳи Внукова ба ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе роҳ ёбанд. Мусофирони саргардон шаби 7-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, чунин ҳолат чанд рӯз боз идома дорад: “Имрӯз як гуруҳро, ки дирӯз бояд мепаридаанд, ба ҷои мо равон намуданд. Моро роҳ надоданд. 22 ҳазор рубл барои як чипта додаем, аммо дар даромадгоҳи ҳавопаймо эълон карданд, ки ҷой нест. Пули бисёр дода, боз зора мекунем, ки моро баранд”.
Дар баробари ин масъулини Ютейр бидуни огоҳии пешакӣ дар даромадгоҳи ҳавопаймо барои мусофирон эълон карданд, ки бағоҷашон фардо интиқол дода хоҳад шуд. Муҳоҷирони тоҷик гила доранд, ки ҳамаашон аз Душанбе нестанд ва маҷбуранд як рӯз баъд барои бағоҷашон аз минтақаҳо ба пойтахт биёянд.
Намояндагони Ютейр дар шарҳи қазия гуфтанд, ба далели мушикили дастрасӣ ба сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе онҳо маҷбуранд, ба ҷои бархе мусофирон ва бағоҷашон сӯзишвориро барои бозгашт ба Маскав бор кунанд: “Ба делели бехатарӣ ва ҳаҷми зиёди сӯзишворӣ мо наметавонем ҳамаи мусофирон ва бағоҷашонро бор кунем. Мо узр мехоҳем”.
Инчунин мусофирони самти Душанбе-Маскав низ шикоят доранд, ки бархе ширкатҳои дигар бидуни огоҳии пешакӣ дар миёнароҳ, аз ҷумла дар Бишкек барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд меоянд ва дар натиҷа нақшаҳои мусофиронро халалдор мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол саргардонии тӯлонии мусофиронро шарҳ надодаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |