Дар Туркманистон даҳҳо нафар қурбони сел шуданд
Миёнаҳои моҳи август бархе аз ноҳияҳои вилояти Ахал ва Балкани Туркманистон аз омадани сел зиён диданд. Шоҳидон аз марги даҳҳо одам хабар медиҳанд.
Офати табиӣ дар ноҳияи Баҳорлии вилояти Ахал, инчунин ноҳияҳои Магтимгулӣ ва Сердари Балкан рух додааст. Дар пайи офатҳо сокинони деҳаҳои Нохур, Гаравул, Довгала, Акдепе, Хункариз, Конексир ва чанди дигар зиён дидаанд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, наздики 30 одам дар ин офати табиӣ кушта шудааст. Ҳамчунин аз марги ҳазорон чорвои хонагӣ, хароб шудани хатти барқ ва лӯлаи газ хабар мерасад.
Расонаҳо як навореро аз деҳаи Довгала, 70-километрии пойтахти Туркманистон нашр карданд. Дар навор дида мешавад, ки офати табиӣ чи гуна харобӣ меорад.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ сарбозон ва кормандони мақомоти маҳаллӣ барои рафъи оқибати офати табиӣ сафарбар шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |