ВАО: Дар Маскав ҷасади як кӯдаки тоҷикро пайдо кардаанд
Расонаҳои Русия аз дарёфти ҷасади як кӯдаки тоҷик дар шаҳри Маскав хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои телевизиони “360”, кормандони пулис ҷасади беҷони тифлро дар хонае воқеъ дар ноҳияи Кузмини шарқи Маскав пайдо кардаанд. Манбаъ мегӯяд, кӯдак хонандаи синфи дуи яке аз мактабҳои маҳаллӣ буда, ҳамроҳи модараш, ки ҷойе кор намекардааст, дар Маскав зиндагӣ мекардаанд: “Ин оила аз Тоҷикистон ба пойтахти Русия омадааст”.
Телевизиони “360” аз қавли пулис гуфтааст, кӯдак дар пайи як бемории сирояткунанда фавтидааст, аммо шарҳ дода нашудааст, ки он кадом беморӣ мебошад: “Пулис қазияро таҳқиқ дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |