ВКД барои беҳтарин лоиҳаи барномаи телевизиониаш 3000 сомонӣ медиҳад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз эълони озмуни лоиҳаҳои ҷолиб барои барномаҳои телевизионии “Ахбори ВКД” ва “Милитсия-ҳомии ҷомеа” хабар медиҳад.
Торнамои расмии ВКД мегӯяд, лоиҳаи пешниҳодшаванда бояд тарзи нави таҳияи гузоришҳои криминалӣ, ҷолиб ва пурмазмунтар намудани барномаҳо ва аз ҷойи ҳодиса инъикос кардани ҳодисаю воқеаҳоро фарогир бошад: “Дар озмун тамоми рӯзноманигорони боистеъдод ва ботаҷриба метавонанд иштирок намуда, идеяҳои ҷадид ва мутобиқ ба замони муосирро дар шакли лоиҳа пешниҳод намоянд”.
Манбаъ мегӯяд, муаллифи се лоиҳаи беҳтаринро бо мукофоти пулӣ қадр мекунад: “Барои ҷойи якум 3000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ”. ВКД аз хоҳишмандон даъват кардааст барои иттилои бештар бо телефонҳои 223-23-31 ва 93-992-0000 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |