Лимити барқ дар мекубад?

Бархе сокинони шаҳри Ваҳдат мегӯянд, чандест дар манзилҳояшон неруи барқ барои чанд соат қатъ мешавад.
Далер, як сокини деҳаи Ниёгони шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ҳудуди ду ҳафта аст, ки ҳамарӯза аз соати 11 то 16 барқ надоранд. “Сабабашро намедонем. Ҳар рӯз қариб панҷ соат неруи барқ қатъ мешавад”,-гуфт ӯ. Як сокини рустои Шодмонӣ ҳам дар суҳбати телефонӣ тасдиқ кард, ки рӯзона барои чанд соат неруи барқ қатъ мешавад. Ба гуфтаи Далер, ин ҳолат дар чанд деҳаи дигари ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунови Ваҳдат вуҷуд дорад. Аммо масъулини Шабакаҳои барқи шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ҳеч далели қатъи неруи барқ дар ҳудуди шаҳр сабт нашудааст. Ҷуъмахон Раҷабов, раиси ин ниҳод имрӯз, 6 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” хабари пайваста ва барои чанд соат қатъ шудани барқро беасос хонд: “Мо дафтари махсус дорем, ки ҳатто агар 10 дақиқа қувваи барқ қатъ шавад, онҷо сабт мегардад. Кормандон зуд рафта мебинанд ва сабабҳои онро муайян мекунанд. Вале чунин маълумот, ки ҳар рӯз неруи барқ қатъ шавад, нест”.
Солҳост, ки дар Тоҷикистон фаслҳои тирамоҳу зимистон неруи барқ ба аҳолӣ тавассути реҷабандӣ ё лимит дода мешавад. Бар иловаи пойтахт ва шаҳрҳои бузургу марказҳои вилоятҳо, минтақаҳои дигар барқро тавассути лимит дарёфт мекунанд. Соли гузашта маҳдудияти интиқоли неруи барқ аз якуми ноябр оғоз шуда буд.
Ахиран, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон кард, бо даст додани имкон имсол маҳдудияти нерӯи барқ дар кишвар дар фасли сармо нисбат ба соли гузашта камтар хоҳад шуд. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, барои коҳиш додани реҷабандии нерӯи барқ бевосита Президент дастур додааст: “Мувофиқи дастур имсол мо бояд барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 миллиону 80 тонна ангишт омода намоем, ки ин яке аз корҳои асосӣ барои таъминоти барқ дар зимистони имсола аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |