Кӯлоб: Замин барои хона ба ҷавононе, ки хизмат рафтаанд
43 ҷавон аз ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудаанд.
Инҳо афроде ҳастанд, ки аз соли 2013 ба ин сӯ дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат карда ё ҳанӯз хидмат мекунанд.
Ёраҳмад Сангаков, сармутахассиси бахши заминсозии ҷамоати Даҳана дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба 12 нафар дар Кӯли Зардак, ба 15 кас дар Дашти мирӣ ва ба 16 нафари дигар дар деҳаи Хонаобод дар ҳаҷми 6 садякӣ замин ҷудо шудааст.
Меҳроҷиддин Восиеви 22-сола яке аз 43 ҷавони соҳиби замин мебошад. Ӯ мегӯяд моҳи апрели соли 2014 баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши худ ба саффи артиш пайваст ва ду сол дар як қисми ҳарбии шаҳри Душанбе хизмат кард. “Ба ҳамсолонам гуфтаниям, ки ҳеч гоҳ дар иҷрои қарзи шаҳрвандии худ таъхир накунанд ва барои иҷрои он дар қатори аввалинҳо бошанд”.
Алқосбӣ Комилова, як зани 60-сола, ки фарзандаш -- Фаррух Халифаеви 23-сола айни ҳол дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хизмат мекунад, мегӯяд, аз он ки барои онҳо қитъаи замин барои бунёди манзил ҷудо шуд, хеле хурсанд аст: “Писарам як сол мешавад, ки хизмат мекунад. Аммо аллакай барои ӯ замин ҷудо карданд”.
Дар гузашта низ масъулини бархе шаҳру навоҳии кишвар эълон карда буданд, барои ҷавонҳое ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, замин ҷудо карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |