Тоҷикистон дар мақоми 50-и рейтинги Charities Aid Foundation

Тоҷикистон дар раддабандии нави Шохиси ҷаҳонии кӯмакҳои хайрия мавқеашро 27 зина беҳтар кардааст.
Ин рейтингро Бунёди кӯмакҳои хайрия (Charities Aid Foundation) таҳия кардааст ва он 5 сентябр нашр шуд. Тоҷикистон миёни 139 кишвари ҷаҳон мақоми 50-ро муаррифӣ мекунад.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мизони хайрхоҳӣ дар Узбакистон бештар будааст. Ин кишвар дар зинаи 38-уми раддабандӣ қарор дорад. Туркманистон дар ҷойи 69, Қирғизистон - 85 ва Қазоқистон дар мақоми 87-анд.
Раддабандии Бунёди кӯмакҳои хайрия бар асоси се меъёр -- додани кӯмаки молӣ, мадади беғаразона, ёрӣ ба бегонаҳо таҳия мешавад. Дар садри раддабандӣ Мянмар нишастааст. Ба иддаои таҳиякунандаҳои рейтинг 91 дарсади мардуми ин кишвар ба эҳсонкорӣ даст мезананд. Дар зинаи дуввум Индонезия ва дар ҷойи сеюм Кения нишастаанд. Зеландияи Нав ва ИМА мутаносибан 4 ва 5-уманд. Дар зинаҳои охири раддабандӣ Литва, Чин ва Яман қарор гирифтаанд.
Бунёди кӯмакҳои хайрия (Charities Aid Foundation), қароргоҳаш дар Бритониё, бузургтарин маркази таҳқиқотӣ аст, ки хайрхоҳиро миёни кишварҳои ҷаҳон шурӯъ аз соли 2010 таҳқиқ ва раддабандӣ менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |