Бахшҳо
05 сен 2017 16:33Тоҷикистон / Сиёсат

“Ховар”: СААД Ҳизби наҳзати исломиро ба феҳристи созмонҳои террористӣ ворид кард

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил кардааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ додааст.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои узви СААД, ки 8 июни соли 2016 таҳти раёсати Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор шуд, ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви созмон террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд: “Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди “Ал-Қоида”, “ДИИШ”, “Ихвон-ул муслимин”, “Ансоруллоҳ” инчунин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ таҳти №65 ворид карда шуд”.

Манбаъ меафзояд, “рӯйхати ташкилотҳое, ки террористӣ эътироф гардидаанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СААД имкон медиҳад, то амалиётҳои ҳамоҳангшудаи худро баҳри муайян ва пешгирӣ кардани фаъолияти онҳо дар минтақаи таҳти масъулити СААД имконпазир гардонад”.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узвияти онро доранд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ягона ҳизби диннии расмӣ ва фаъол дар миқёси кишварҳои пасошуравӣ буд, пас аз исёни муовини собиқи вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода дар сентябри соли 2015 экстремистӣ эълон шуд. Ба дунбол аксари узви Раёсати олии ҳизб боздошт ва ба муҳлатҳои мухталиф зиндонӣ шуданд. Ду муовини раиси ҲНИТ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Раиси ҳизб ва садҳо узви он ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)