ВКД: Маъмури истироҳатгоҳ ҷойи корашро ба фоҳишахона табдил додааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти корманди яке аз истироҳатгоҳҳои ноҳияи Варзоб хабар дод, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда 4 сентябр дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ шаби 3 ба 4 сентябр, тахминан соати 00:30, истироҳатгоҳеро, ки он ҷо кор мекардааст, ба фоҳишахона табдил додааст: “Ӯ ба шаҳрвандон: марди 48-сола ва зани 36-сола, сокинони шаҳри Душанбе, марди 53-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 700 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Оғози парванди ҷиноӣ нисбати ин корманди истироҳатгоҳ дар ҳолест, ки ВКД санаи 16 август аз боздошти як маъмури 42-солаи яке аз маҷмааҳои сайёҳии ноҳияи Варзоб бо иттиҳоми ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |