Соҳибкори тоҷик дар фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии истеҳсоли Узбакистон муттаҳам мешавад
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор гардидани фурӯши ғайриқонунии либосҳои истеҳсоли Узбакистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни як амалиёти гумрукӣ рӯзи 28 августи соли равон дар бозори ҶДММ “Достӣ”-и пойтахт фурӯши ғайриқонунии либосҳои мактабии кӯдаконаро ошкор кардаанд. Ба иттилои манбаъ, “аз контейнери №3, ки иҷорагираш шаҳрванди Тоҷикистон Я.В. ( соли таваллудаш 1982), истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан мебошад, 104 баста либосҳои мактабии кӯдаконаи истеҳсоли Узбакистон дарёфт карда шуд”.
Я.В. гуфтааст, ин либосҳои кӯдаконаи мактабиро аз бозорҳои либосфурӯшии вилояти Суғд аз соҳибкорони ношинос бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ харидорӣ намуда, қасд доштааст дар бозори “Корвон” бифурӯшад.
Хадамот мегӯяд, нисбати ин ҳолат бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба Додгоҳи ноҳия Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |