Тибқи маълумоти расмӣ, шумораи иштирокчиёни ҳамойиши норозигиёни сохти давлатдорӣ аз 2 то 5-ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба андешаи дастандаркорон, барпокунандагони митинги зиддиҳукуматӣ, ин шумора «хеле кам» будааст. Хонум Бурҷанадзе дар назди ҳамойишгарон баромад карда, гуфтааст « зарур аст, то қисмати боз ҳам зиёдтари қувваҳои шаҳрвандонро ҷалб намоем. Агар пагоҳ ҳам ҳамин қадари дигар дар сафи мо афзояд, аллакай барои амалҳои пешбинишуда кифоят мекунад ва дигар мо ба қафо барнамегардем».
Дар ҳамин ҳол, садҳо нафар аз сарварони гирдиҳамойӣ дар назди бинои Барномаҳои ҷамъиятии Гурҷистон шабро рӯз кардан доранд. Ба гуфтаи Нонна Гаприндашвили, шоҳмотзани шинохтаи гурҷӣ, роҳбари ҳизби «Ҷаласаи халқӣ», «ин марказ, ки ба майнаи давлатдорон сахт кора кардан дорад, то ба охир нигаҳ дошта мешавад ва то лаҳзаи охир барҳам намехӯрад» Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |