Келин хушдоманашро барои хона оташ задааст...

Дар шаҳри Тирмизи Узбакистон модари се фарзанд дар пайи як баҳси манзил модаршавҳари худро оташ задааст. Дар натиҷа пирзани 72-сола ба ҳалокат расидааст.
Писари 10-солаи ин зан низ осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, баҳси манзили келин бо хушдоманаш, ки 7 сол боз идома дошт, 14 август ба фоҷеа анҷомидааст. Ба гуфтаи яке аз ҳамсояҳои ин хонавода, келин бо се фарзанди худ ҳамроҳи модаршавҳараш дар як манзил зиндагӣ мекарданд.
"Шавҳари ӯ 10 сол мешавад, ки дар Русия аст. Хушдоман ба келин мегӯяд, ки ба ман туфайлихӯр лозим нест, се фарзандатро гиру аз хона рав. Вале ӯ мегӯяд, ин хонаи ман аст. Дар натиҷаи хашму ғазаб келин ба хона бензин пошида, онро оташ мезанад. Дар пайи оташ гирифтани хона пиразани 72-сола ба ҳалокат расида, 70%-и пӯсти писари 10-сола месӯзад", - гуфтааст ин ҳамсоя.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштор ва оташ задани барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Келин дар ин ҳодиса гумонбари аслӣ шумурда мешавад, чун шоҳидон тасдиқ кардаанд, ки хонаро маҳз ӯ оташ задааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |