Боздошти як зан ва домоди ӯ бо иттиҳоми фиреби муҳоҷири тоҷик
Як зани 46-солаи сокини Тюмени Русия ва домоди 30-солаи ӯ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.
Додситонии вилояти Тюмен мегӯяд, ин зан моҳи феврали соли 2016 ҳангоми дар вазифаи раҳбари филиали “Мактаби забонҳои хориҷӣ АМВС” кор карданаш дар фикри даромади бештар аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ шудааст. “Мактаби забонҳои хориҷӣ АМВС” масъули имтиҳонгирии шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти гувоҳномаи донандаи забони русӣ, таърих ва қонунгузорист.
Зани 46-сола ба муҳоҷирон пешниҳод мекардааст, ки бар ивази пул мушкили онҳоро дар самти дарёфти шаҳрвандии Русия ва дигар масоили марбут ба ҳузури муҳоҷирон дар ҳудуди ин кишвар ҳал мекунад. Ӯ домодашро ҳам ба ин кор ҷалб кардааст. Вазифаи домод аз ёфтани шаҳрвандони хориҷие иборат буда, ки мушкил доранд. Дар як фурсати кутоҳ онҳо ду шаҳрванди хориҷӣ, яке аз Тоҷикистону дигарӣ аз Узбакистон ва як сокини маҳаллиро, ки хостааст, мушкили пайвандони дар хориҷбудаашро ҳал кунад, фиреб дода, дар маҷмӯъ беш аз 300 ҳазор рубли онҳоро гирифтаанд.
Додситонӣ парвандаи онҳоро ба додгоҳ ирсол кардааст. Бар асоси қонунгузории Русия онҳоро ҷарима дар ҳаҷми то 500 ҳазор рубл ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то шаш сол бо ҷаримаи то 80 ҳазор рубл интизор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |