150 ҳазор рубл. Ҷуброни гӯши буридаи як муҳоҷири тоҷик
Маҳмадулло Давлатзода, муҳоҷири кӯчарӯби тоҷик, ки як шаҳрванди Русия гӯшашро канда буд, 150 ҳазор рубли русӣ ҷуброн мегирад. Зимнан, Давлатзода аз даъвояш алайҳи муттаҳам даст кашидааст.
Ӯ дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, феълан дар бемористони рақами 67-уми пойтахти Русия қарор дорад ва ба зудӣ ҷавоб мешавад: “Ҳамааш хуб аст. Саломатӣ ҳам хуб аст. Хеле беҳтар шудам. Омаданд, суҳбат карданд, якдигарфаҳмӣ шуд. Мо ҳам барои мусолиҳа ризоят додем. Дигар даъвое надорам”.
Маҳмадуллои 51-сола тайи 10 соли охир дар Маскав кӯчарӯбӣ мекардааст. Қаблан, Александр Зайтсев, ҳомии ҳуқуқ дар сафҳаи фейсбукаш гуфт, ки як сокини кӯчаи Матвеев кӯчарӯби собиқадор – Маҳмадуллоро, ки марди оромтабиату хайрхоҳ аст, латту кӯб кардааст: “Маҳмадулло 15 август аз як зан хоҳиш кардааст, ки сагашро нагузорад, болои гулҳои коридааш ҳоҷаташро бароварда кунад. Субҳи дигар Маҳмадулло аз сӯи шавҳари он зан мавриди латту кӯби шадид қарор гирифтааст. Дар идораи пулиси Очакова-Матвеев шикояти Маҳмадуллоро қабул накарда, маслиҳат додаанд, ки қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳал намояд. Маҳмадулло қабул кардааст, аммо рӯзи дигар боз мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Он марди ҳамлагар ин дафъа талаб кардааст, ки Маҳмадулло узр пурсад ва гӯши чапи ӯро газида, кандааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |