Бахшҳо

Дархости СММ барои қатъи озори мусалмонҳо дар Бирма

Кумитаи ҷаҳонии хадамоти универсалӣ (Unitarian Universalist Service Committee) аз Ҳукумати Бирма даъват кардааст, ки тавсияҳои асосии Кофӣ Аннан, собиқ дабири кулли СММ-ро вобаста ба ҳалли вазъияти Рохин ба инобат бигирад.

Тибқи иттилои СММ тайи 5 рӯзи охир, то 30-юми август, теъдоди мусалмононе, ки аз Мянма ба Бангладеш фирор кардаанд, ба 18,500 нафар расид. Ба иттилои Идораи байналмилалии муҳоҷирати СММ инчунин ҳазорон нафар наметавонанд вориди Бангладеш шаванд.

Бахши форсии BBC иттилоъ додааст, ки як ҳайати таҳқиқи байналмилалӣ аз давлати Бирма хостааст, маҳдудиятҳоро алайҳи ақаллияти мусулмони Рохин (Рӯҳинго) лағв кунад.

Ин ҳайат, ки сарпарасти онро Кофӣ Аннан, дабири кулли пешини СММ ба уҳда дорад, изҳор доштааст, ки давлати Бирма бояд ба мусулмонони ин иёлот озодӣ дода, барои онҳое, ки аллакай хоки Бирмаро тарк кардаанд, имконияти бозгаштро фароҳам орад. Ин ҳайат ба давлати Бирма ҳушдор додааст, ки бархӯрди хушунатомез бо мусалмонони Рохин метавонад боиси гароиши онҳо ба сӯи гурӯҳҳои тундрав шавад.

Дар пайи оғози амалиёти "мубориза бо терроризм"-и артиши Бирма аз иёлоти Рохини ин кишвар наздик ба навад ҳазор сокин фирор кардаанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар артиши Бирмаро ба шиканҷаи густурда, қатл ва таҷовуз муттаҳам мекунанд.

Мақомоти Бирма мегӯянд, мусулмонони иёлоти Рохин, шаҳрванди Бирма набуда, онҳо аз дигар ҷой ба ин минтақа кӯчидаанд ва ба онҳо табаият дода намешавад.

Низомиёни Бирма ҳамлаи гуруҳи шибҳанизомӣ ба постҳои марзии ин кишвар, ки моҳи октябри соли гузашта рух доданду чандин кушта барҷой гузоштанд, кори дасти мусалмонҳо арзёбӣ карда, амалиёти густурдаи поксозиро роҳандозӣ намудаанд.
Мӯҳр
бовар куне ихел берахму хунхор надидаам то хол.

Citizen
Худовандо золимҳоро несту нобу бигардон...

4563
Робби инни маглубун фантасир худовандо мусалмонони тамоми дунёро дар панохат нигахдор

Ман хайронам, ки чаро баъзе Давлатхои мусалмон хап карда шиштаанд? Охир дар он Дунё Худованд аз Сардорони Давлвтхои мусалмони мепуридагист, ки чаро бародарони мусалмонони шумо дар фалон чой зулм ва катл мекардан шумо ягон коре накардед, ки ман шуморо кувату кудрат дода будам??? Ахсан ба Рамазон Кодиров ва Рачаб Эрдоган, ки онхо акалан эътироз баён карданд. Ин бутпарастони Бирма-ро садкаи хидоят ва дини поки Ислом кунад

Ба Салман
таъриха хон аъроби мусулмон омада чи чиноятхоро кардаанд дар сарзаминхои ману ту миллионхо нафарро кушта аз хуни онхо осиёбхоро гардондаанд. кудакони ширхорро тачовуз кардаанд. китоб хон албатта ин вахшонияти Бирма хам хар одамро ба газаб меорад аммо дар гузашта арабхо хам аз ин бадтарашро дар дунё кардаанду карда истодаанд хатто шахсиятхои машхуре ки номашона шунида аз дахони баъзехо об меравад бадтар аз ин чиноятхои мудхиш содир кардаанд. (албатта Худо гуфт гуфта)

ali
Ба Салман,
Ба суханат бовар мекунам агар ту худро мусалмон нахисоби, таери номатро фош кун ва бигуй ки динат Ислом нест,пардаро аз руят гир чи шарм мекуни оташпарасти махкулатай ошкор кун

Ба Салман,
Рост мегӯӣ, бародар. Гузашти замон ва вақт ҳама чизро ҳамвор мекунад. Ҳоло мо дини исломро ҳамту як дини орому беозор мепиндорем. Вале дар ибтидо вазъ тамоман дигар буд. Яке аз сарлашкарони аъробро ҚУТАЙБА ИБНИ МУСЛИМ мегӯянд, ки омада, Осиёи Миёнаро забт карда, дини ислрмро ҷорӣ кардааст. Дар китобҳои таърих омадааст, ки касе исломро қабул накарда будааст, аз теғи Қутайба гузаштааст. Теъдоди кушташудагонро 1.5 миллион мегӯянд. Бо назардошти онки он замонҳо аҳолӣ кам буд, шояд ин 1.5 млн нисфи аҳолии Осиёи Миёна бошад. Чизе ки буд, гузашт. Вале набояд аз аъроби як нав мусичаи бегуноҳ тарошид.

Мусалмонони рӯҳинҷо дар мамлакати Мянма (Бирма) даҳсола ба ин тараф зиндагӣ карда истода буданд. Касе ба онҳо чизе намегуфт. Вале ҷанҷол чанд соли ахир шурӯъ шуд. Аниқтараш пас аз ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани ДИИШ. Аз пропагандаи ин созмони террористӣ дар чанд гӯшаи канори ҷаҳон илҳом гирифта, ба аъмоли тахрибкориву террористӣ даст заданд. Ҳоло ҳукумати Мянма ҳамин далелро оварда истодааст.

Ба Салмон.
Салмони мухтарам, хайрият ки мисли шумо одамони огоҳ ҳам будаанд.Озурда нашав, ки нисбатат ҳарфҳои ноҷо мегуянд. Чунки ин ҳама аз ҷаҳолат ва инкори воқеият гуфта мешавад. Ин ҳақиқат аст, ки то дини ислом ҷори шуд ҷуйҳои хун ҳам ҷорӣ шуда буд. Ин ваҳшонияте ки дар Сурия ва Ироқ давлати исломи кард (ман намегуям ба ном исломи ин галат аст, дурусташ давлати исломи аст.) такрори таърих буд. Бори дигар ба мо саҳнаҳои таърихиро нишон дод. Чи кадар занҳо аз таҷовузи арабҳои биёбони тавлид кардаанд, худо ҳам намедонад, чӣ қадар одамон сар бурида шудаанд, касе нашумурдааст... Инро ҳар мусулмон бояд тасдиқ кунад. Танҳо он замон фанатизми исломиро мешавад решакан кард. Вагарна мусулмонон ва ислом бадбахиҳои зиёде бо фанатизм ва ҷаҳолаташон ба сари башарият хоҳанд овард.

Забони Ибни Мукаффаъ
Ба Али аз номи Фирдавсии Туси:

Ниёро хаме буд оину кеш,
Парастидани эзадй буд пеш.
Нагуйи ки оташпарастон буданд.
Парастандаи пок Яздон буданд.
Бадон гах будй оташи хубранг.
Чу мар тозиёнрост мехроб санг.

ali
Рудоба,
Ту чи гуфта истодаи? Худоро ба нодони гунахкор карда истодаи тавба кун !аммо мушкилоти Сурияро Асадхо огоз карданд,авал падараш баьд писараш ва хеч кас пеши инро нагирифт ва доиш таьрихи 4сола дорад аммо золим Асад бо падараш таьрихи 40сола фахмиди,?агар касе мусалмононро дифоь накард фахмида бош ки гурухои чанганда дифоь мекунанд,ин гурухоро золимони замон мезоянд аз хотир набарор,Рудоба!

Античахолат
ali,
руирост дуруг мегуи! Асаду Каззофи ягон зулм накарданд, сабабгори асосии катлу куштори мусалмонон ин сиесати Амрико ва сагони вафодораш шайхони пулмасту зинокори араб аст! Либие, Ирок ва Сурия кишвархои орому осуда буданд! Амрико аз чахолати арабу мусулмон истифода бурда истодааст! Тарафи салафихои вахшиву сарбурро нагир! Кучое ислом аст, он чо хамеша фитна аст!

ali
Античахолат,
Ту античахолат не худи чахолат хасти,агар аз кучо сар задани мушкилоти Сурияро надони худат чохилтарин одами,Асадхо ки ним аср дар сари кудратанд зулм бар сари мусалмонони сунимазхаби кишвар мекунанд,агар гапат рост бошад чаро дар худи кишвархои шайхои пулпарасту зинокор ором аст?чунки зулм бар сари ахоли намекунанд,дар Сурия 12%алавихо вучуд доранд аммо бар сари 88%ахли суннат хукмрони ва зулм мекунан дар давоми ним аср,чунки ин сиесаташро русхо дастгири мекунанд хар кучое русхо даст доштаанд ончо ноором ва зулму ситам нисбати ахолия хукмрон аст,дур намеравем резолюцияи ООНро хам русхо кати чин блок карданд чаро?

Хаким
Худоё зудтар ин Золимону душманони Исломро нобуд бигардон омин омин омин омин омин омин!!!!!!

античахолат
ali,
бо шумо зомбихои араби сусморхур бахс фоида надорад!!! Шумо хамеша сиехро сафед мегуед!

ali
античахолат,
Чахолат пардаро аз руят бардор холо асри 21 асри итилоот аст,кина дори нисбати Исломи пок ва нисбати арабхо дар инчо ягон калима дар бораи арабхо гап нарафтааст ту боши боз хамун бадбиниатро нисбати арабхо оварда часпонди, чунки дини мубини Ислом дини зардуштро нобуд кард аз инчо нангу кинаат нисбати Ислом ва аз он чумла миллати араб,агар мард хасти чурьат пайдо кун нисбати пайомбар(сас) овоз баланд кун,чунки пайомбарамон араб буданд ва вакте гурухе аз асхоб сусмор хурданд онхоро боз надоштанд ва ин ризогии пайомбар ба чоиз будани ин амал хучат аст.Озодагон илтимос ба нашр биеред

античахолат,
ва инки сиехро сафед мегуед шумоед чунки тамоми дуне ба дидани ин аксхо ба ларзиш омад магар шумобаринхо,кудаки 2-3сола чигунох дошт ки мекушанд чаро садхо нафаро зинда ба гур карданд бо воситаи булдозер?агар чашм дори нигох кун як назар,а шумо дар инхолатхам гап меевен ин хамаш фейк мегуен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)