Пентагон: Дар Афғонистон 11 ҳазор низомии амрикоӣ ҳузур дорад
Пентагон рӯзи чаҳоршанбеи 30 август хабар дод, ки шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба 11 ҳазор нафар мерасад. Тавре хабаргузории "Рейтерс" иттилоъ медиҳад, Пентагон пештар рақами 8 ҳазору 400-ро зикр мекард.
Роҳбари Кумитаи эътилофи роҳбарони ситодҳои нерӯҳои низомии ИМА Кеннет Маккензӣ гуфт, "гап дар бораи тарзи дигар ҳисоб кардани шумори низомиҳо меравад, ки на танҳо нерӯҳои доимӣ, балки нерӯҳои муваққатро низ ба инобат мегирад. Инчунин ошкор кардани шумори дақиқ ба манзури шаффофияти ҳузури ИМА дар Афғонистон аст".
Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи навро дар умури Афғонистон муаррифӣ кард. Расонаҳои ИМА навиштанд, ки Трамп метавонад шумори низомиёни амрикоиро дар Афғонистон 4 ҳазор бештар кунад.
Ба гуфати Маккензӣ, вазири мудофиаи ИМА Ҷеймс Мэттис ҳанӯз дастури афзоиши шумори низомиҳоро дар Афғонистон надодааст.
ИМА дар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ соли 2001 амалиёти ҷангиро дар Афғонистон шуруъ кард. Ин қатъномаи як рӯз баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 қабул шуд. Дар тӯли амалиёти ҷангӣ дар Афзонистон бештар аз 2,3 ҳазор низомии амрикоӣ кушта ва қариб 18 ҳазори дигар маҷруҳ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |