Отамбоев: Агар кореро анҷом надода бошам, маро бубахшед
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бораи натиҷаи муқаддамотии давраи президентии худ суҳбат карда, аз мардуми кишвараш узр пурсид.
"Агар кореро натавониста бошам, дар вақташ анҷом бидиҳам, маро бубахшед. Як вазъияти хеле душвор буд",-гуфт Отамбоев. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон дар ҳоли ҳозир пешсаф аст, "ҳарчанд дар гузашта ҳама вақт талош мекард, то ба касе бирасад".
"Ба хотири он ки тайи ин 6 сол маро ҳамчун президент дастгирӣ кардед, миннатдорӣ баён мекунам. Бахусус, ташаккур аз бишкекиҳо. Эҳсос кардам, ки онҳо ҳама вақт ҷонибдори мананд",-изҳор дошт Отамбоев ҳангоми ифтитоҳи бинои асосии маркази гармидиҳии Бишкек.
Давраи президентии Отамбоев 1 декабри соли равон ба поён мерасад. Қарор аст, 15 октябр дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Бар пояи конститутсия, президенти ин кишвар барои як давраи 6-сола интихоб хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |