Таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ дар вазорату идораҳо: Аз нақзи “қонуни танзим” ба “боло” хабар медиҳанд
Дар тамоми вазрату идораҳои кишвар, ки на камтар аз 30 корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Ҳадафи ин комиссия риояи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” аз ҷониби кормандон хоҳад буд. Ин нукта дар тағйиру иловаҳо ба моддаи 51-и қонуни мазкур, ки 28 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зери он имзо гузошт ва аллакай мавриди истифода қарор гирифт, зикр шудааст.
Дар ин банди қонун омадааст, дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Дар идома омадааст, комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи қонуни танзимро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд: “Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд”.
Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол қабл қабул шуд ва ахиран бо пешниҳоди раисҷумҳур ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли равон ҳангоми мулоқот бо фаъолони кишвар гуфт, баъди қабул шудани қонун давоми 10 сол 18 миллиард сомонӣ маблағҳои сокинон сарфа шудааст. Дар тағйиру иловаҳо бархе меъёрҳои қонун шадидтар шуд. Аз ҷумла барои нақзи қонун мансабдорони давлатӣ аз мақом барканор хоҳанд шуд. Инчунин, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаи азодории “ҳафту чилу сол” манъ шуда, маросимҳои хатнасури кӯдакон бидуни даъвати овозхонҳо баргузор мешавад. Баргузории маъракаи “ҳоҷизиёрат” низ аз ин ба баъд мумкин нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |