Корти электронӣ дар автобусҳо: Поёни баҳси бақияпулӣ ва тақдири “кондуктор”-ҳо
Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки то охири сол автобусҳои мусофирбари пойтахт бо низоми пардохти электронӣ муҷаҳҳаз шуда, фурӯши кортҳои электронӣ барои мусофирон шурӯъ мегардад.
Улуғбек Каримов, масъули лоиҳаи низоми пардохти электронӣ дар Душанбе, 30 август зимни муаррифӣ дар Душанбе гуфт, лоиҳа аз 4 марҳила ибрат мебошад: “Марҳилаи якум анҷом ёфта, ҳоло корҳо дар марҳилаи дувум идома доранд”.
Каримов дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, баъди татбиқи лоиҳаи мазкур, кори «кондукторҳо» бо шеваи дигар идома меёбад: “Нисфи онҳо барои назорати хизматрасониҳо ва қисми дигарашон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мусофирон боқӣ мемонанд”.
Масъули ин лоиҳа таъкид намуд, ки дар пай татбиқи низоми падохти электронӣ баҳсҳои баргардонидани бақия ҳалли худро меёбад: “Таҷҳизоте, ки насб мешаванд, роҳкирои пешбинишударо гирифта, бақияи маблағ дар суратҳисоби корти электронии мусофир мемонад, ки дигар ҳеҷ мушкил пеш нахоҳад омад”.
Каримов афзуд, то охири ҳамин сол дар 250 автобус бояд таҷҳизоти пардохти электрониро насб намоянд: “Таҷҳизотро мо аз Бералус, Олмон, Таиланд ва дигар кишварҳо меорем, муҳлати фармоиши баъзе таҷҳизот то 60 рӯз тӯл мекашад”.
Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе гуфт, роҳандозии низоми пардохти электронӣ дар заминаи ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатӣ татбиқ гардида, беҳтар аст, ҷомеа дар раванди амалишавии он пешниҳодҳои худро ироа намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |