Бахшҳо

Элизабет Миллард: “Расми хуби тоҷикон”-ро фаромӯш нахоҳам кард!

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Душанбе, ки имрӯз, 31 август Тоҷикистонро ба қасди Вашингтон тарк мекунад, дар як матлаб гуфтааст, ба туфайли меҳмоннавозии мардуми тоҷик худро мисле ки дар хонаи худаш эҳсос мекард. “Барои ман сафар ба Тоҷикистон басо мушкил буд. Шавҳарам нобаҳангом вафот кард ва ман панҷ фарзанду набераҳои дуструякамро дар тарафи дигари сайёра мондам, ва маҳз ҳамин меҳрубониҳо, саховатмандӣ ва ғамхориҳои шумо буд, ки ман дар кору фаъолиятам муваффақ гаштам. Чӣ тавре, ки шоири бузурги шумо Мирзо Турсунзода мегуяд: “Расми хуби тоҷиконро гум макун”. Ман, бешубҳа, фаромуш нахоҳам кард”,-омадааст дар ин матлаб.

Элизабет Миллард, ки аз моҳи марти соли 2016 ба щайси сафир дар Тоҷикистон фаъолият мекард, раҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва АвруОсиёи Департаменти давлатии ИМА таъин шудааст.

МАТЛАБИ КОМИЛИ ЭЛИЗАБЕТ МИЛЛАРД

“Дӯстони азиз,
Ман бо ҳиссиёти гарон ин кишвари зеборо тарк мекунам. Муддати якуним сол гузашт, аммо дар назар чунин менамояд, ки дируз ба ин ҷо омадам. Ман ба ин халқу миллат барои пазироии гарму ҷушон изҳори сипос менамоям, зеро ба туфайли меҳмоннавозии шумо ман худамро инҷо гӯё дар хонаи худам эҳсос мекунам. Кишвари шумо бисёр ҳам кишвари зебост, забону фарҳанги шумо бою ғанӣ мебошанд, ва он чизе ки ман ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳам кард – меҳмоннавозии беандозаи шумост. Барои ман сафар ба Тоҷикистон басо мушкил буд. Шавҳарам нобаҳангом вафот кард ва ман панҷ фарзанду набераҳои дуструякамро дар тарафи дигари сайёра мондам, ва маҳз ҳамин меҳрубониҳо, саховатмандӣ ва ғамхориҳои шумо буд, ки ман дар кору фаъолиятам муваффақ гаштам. Чӣ тавре, ки шоири бузурги шумо Мирзо Турсунзода мегуяд: "Расми хуби тоҷиконро гум макун". Ман, бешубҳа, фаромуш нахоҳам кард.

Ман ифтихор аз он мекунам, ки ҷузъи он корҳое будам, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд. Дар давоми 18 моҳ мо ба натиҷаҳои назаррас дар мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳо дар доираи платформаи С5+1 ноил гардидем, ки ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва ИМА имконияти ҳамкории муштарак оид ба масоили манфиати умумидошта пешниҳод намуд. Мо 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қайд намудем, ки ба мо имконият медиҳад, то ба муваффақияти пешрафти худ дар натиҷаи ин шарикӣ баҳо диҳем. Ман ҳамроҳи бонувони деҳқон қулфинайро ҷамъоварӣ намудам, ки ҳангоми гузаронидани курсҳои омузишӣ оиди тиҷорат ва кору савдо аз ҷониби ЮСАИД гузаронида шуд, ба вуқӯъ пайваст. Ин курсҳои омузишӣ барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии оилаҳояшон манфиатнок буданд. Ҳамчунин ман масъули маросими интиқоли кумаки ҳарбиёни Амрико ба сарҳадбонони Тоҷикистон будам, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон нақши азиму муассир дорад. Бо бисёре аз донишҷӯён вохурдам, ки бо шавқи беандоза забони англисиро дар Гӯшаҳои Aмрико ва тавассути барномаи ACCESS меомузанд. Суҳбатҳои тулонӣ ва хотирмони ман бо ҷавондухтарони варзишгар, соҳибкорон, рӯзноманигорон, намояндагони расмии ҳукумат, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ба ИМА сафарбар карда шуданд, аз он ёдоварӣ мекунанд, ки муносибатҳо байни одамон, асоси муносибатҳои дуҷониба мебошанд.

Ман ифтихор аз он дорам, ки дар чунин муддати кутоҳ тавонистам корҳои зиёдеро ба анҷом расонам. Дар Панҷакент оши палави беҳтаринро чашидам, аз оромгоҳи Абӯабдулло Рудакӣ дидан намудам, дар хонаҳои бадахшонӣ ҳамчун меҳмон мезистам, оби чашмаи Носири Хусравро нӯшидам, қурути Панҷшанбе бозори Хуҷандро чашидам, Чилучорчашмаи вилояти Хатлонро зиёрат намудам, бо ҳамроҳии деҳқонон ҳосилро ғундоштам, дар бозори Корвон матоъеро харидорӣ намудам, аз меваю сабзавоти бозори Шоҳмансур лаззат мебурдам, ба куҳҳои Фону Помир сафар намудам, ба мусаввараҳои рӯи лойи Лангар даст расондам, суманакро дар даруни дег мекофтам, бозии бузкаширо тамошо кардам ва ин руйхатро метавон идома дод. Пас аз ба Вошингтон баргаштан, ман ба ҳама дар бораи муҷизаҳои кишвари шумо нақл хоҳам кард.

Барои ман ифтихор аст, ки бо бисёре аз шумо шинос шудам ва риштаи дустӣ пайдо намудам. Ҳамчунин хеле шод аз онам, ки бо ҳамкоронам дар Сафорат паҳлу ба паҳлу кору фаъолият намудам ва аз онҳо оиди фарҳанги миллаташон бисёр чизҳоро омухтам. Ман бо онҳо дар ҷашни Навруз рақсу бозӣ кардам, меҳмони хонадони онҳо будам, дар фурсатҳои дарду ғам бо онҳо мегиристам. Ман бисёр хушҳол аз онам, ки онҳоро дусти худ хонда метавонам ва онҳоро пазмон мешавам.

Дар охир иҷозат фармоед қайд намоям, ки ман ҳамдарди тақдири он занони тоҷик мебошам, ки аз ҳамсаронашон ҷудо ҳастанд. Ҳамчун зане, ки ҳамсари худро аз даст додааст, ман душвориҳое, ки ба сари шумо омадаанд амиқ эҳсос мекунам. Ин он занони қаҳрамонанд, ки на танҳо оилаҳояшонро дастгирӣ мекунанд, инчунин ба соҳибкорӣ машғул мешаванд, аз ӯҳдаи чандин корҳо мебароянд, то ки барои тандурустӣ ва таҳсили фарзандонашон маблағ дастрас намоянд. Ин беҳтарин сармоя аст барои рушди ояндаи давлату миллат. Занони боирода метавонанд оилаҳои солим, ҷомеаи солим ва давлати абарқудратро барпо намоянд. Бори дигар ба ҳамаи шумо барои пазироӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос менамям. Худо ҳофиз ва иди Қурбон муборак!”

Акс аз торнамои расмии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)