Эълони ҳукми ду муҳоҷири тоҷик: Аз “шаурма”-и онҳо 7 кас заҳролуд шудааст
Додгоҳе дар вилояти Брянски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар маҷмӯъ барои 3 сол равонаи зиндон кардааст.
Додситонии Брянск аз ин ду муҳоҷири тоҷик Орипов ва Восиев ном бурда мегӯяд, яке 29 ва дигарӣ 25-сол доранд ва дар дукони “Вкус Востока”, воқеъ дар кӯчаи Институтской ба фурӯши “шаурма” машғул будаанд. Додгоҳ муайян кардааст, ки 15 ва 16 январи соли равон аз “шаурма”-ҳои таҳиякардаи онҳо 7 нафар заҳролуд шудааст. Бо ҳукми додгоҳ ҳар яке аз ин ду муҳоҷири тоҷик 1,5 соли умри худро дар маҳбаси низомаш умумӣ пушти сар мекунанд. Ба иттилои додситонӣ, ин афрод як шарики дигар ҳам доштаанд, ки фирор карда ва таҳти пайгард қарор дорад.
Акс аз торнамои "Брянские новости"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |