Вокуниши вазорат ба Ҷовид Муқим: Қарори мушовара мутобиқ ба қонунҳои амалкунанда аст!
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба як навиштаи Ҷовид Муқим, журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш кардааст. Ҷаноби Муқим ахиран дар як матлаб бо овардани меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, қарори муовараи Вазорати маориф ва илмро, ки Иди Қурбон (1 сентябр)-ро рӯзи дарсӣ эълон кардааст, ба баҳс кашид.
ПОСУХИ КОМИЛИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ТОҶИКИСТОН
“Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ваҷҳҳои дар мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷовид Муқим “Оё вазорат ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол намекунад?!” чунин иброз медорад. Аввалан, мутобиқи моддаи 24-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18-уми майи соли 2017 Вазорати маориф ва илм чун ниҳоди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Конститусия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи қабули ин ё он қарорро дорад. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Рӯзи дониш” 1-уми сентябри соли 2017 бо мақсади иҷрои талаботи санадҳои мазкур қабул карда шудааст. Инҷо масъалаи низоми тобеияти қонунҳо, ки ба андешаи Ҷовид Муқим вайрон карда шудааст, ғалат аст, зеро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдори соҳа мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо қарори мазкурро қабул кардааст.
Дуюм, номбурда иброз медорад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 14.11.2016 ва ҳамчунин, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон 1 сентябр рӯзи Иди Қурбон таҷлил мегардад ва гӯё рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябр тибқи тақвим рӯзҳои маъмулии истироҳатианд. Дар идомаи суханҳояш бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеаш моддаҳои 2 ва 3-и қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро мисол овардааст. Чунин тарзи баёни фикр аз ҷониби Ҷовид Муқим на ифодакунандаи шуури касбии ҳуқуқӣ, ки кори дасти ниҳодҳои хоса ва ҳуқуқшиносонанд, балки инъикоскунандаи шуури муқаррарии ҳуқуқ аст. Тибқи қоидаҳои маъмулии техникаи қонунгузорӣ мафҳуми “бартарии меъёрҳои моддаи қонун” мавҷуд аст, ки маҳз зимни омода намудани лоиҳаи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм он ба асос гирифта шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳам “Рӯзи дониш” ва ҳам рӯзи Иди Қурбон қайд карда мешаванд, аммо таҷлили “Рӯзи дониш” дар банди 51-уми қонун ва таҷлили Иди Қурбон дар банди охирон, яъне банди 86-уми қонун зикр гардидааст. Аз ин рӯ, тибқи қоидаи дар боло зикргардида бартарӣ ба банди 51-уми қонун дода мешавад.
Дар баробари ин, таҷлили “Рӯзи дониш”-ро қонун дақиқан муайян кардааст, ки 1-уми сентябр ҷашн гирифта шавад, аммо қонун муайян накардааст, ки Иди Қурбон 1-уми сентябр, дар “Рӯзи дониш” таҷлил карда шавад. Такроран ба таваҷҷуҳи “профессор” мерасонем, ки Иди Қурбонро мақомоти ваколатдор – Шурои уламо муайян кардааст, на қонун. Ҳол он ки Шурои уламо бар асари мақоми ваколатдор буданаш метавонист санаи таҷлили Иди Қурбонро ба таври дигар муайян кунад. “Профессор”-и муҳтарам, ҳам акнун бигӯед, ки мақоми кадоме болотар аст: қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ва ё тасмими Шурои уламо?
Аз ҷониби дигар, воқеан моддаи 3-юми қонуни мазкур рӯзи иди Қурбонро чун рӯзҳои иди ғайрикорӣ муқаррар намудааст. Дар ин хусус дар банди якуми қарори мушовара омадааст, ки рӯзи 2-юми сентябр аз ҳисоби рӯзи 1-уми сентябр рӯзи истироҳат эълон карда, ҷуброни он низ дар назар аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он муттасил амал мекунанд, зеро ба роҳ мондани ҷараёни таълим раванди муттасил буда, тағйир додани он ба зиммаи мақоми ваколатдори соҳа гузошта шудааст. Ангезаи қонунии ин муқарраротро моддаи 83, 105-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам мекунад, ки дар он чунин гуфта шудааст: “Барои дар рӯзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 Кодекси меҳнат) ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, маош мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рeзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иxро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рeзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад”.
Сеюм, ба андешаи “профессор” қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм ба моддаҳои 14–уми Конститутсия ва моддаи 9-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолифат дорад, ки ин андеша низ ба ҳақиқат рост нест. Мафҳуми мухолифат дар қонунгузорӣ бархурди амиқи меъёрҳои қонун бо якдигарро ифода мекунад. Муҳтарам “профессор”, тафсири моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин нуқтаҳои асосӣ нигаронида шудааст. Ҳифз ва амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар моддаи 14-уми Конститутсия оварда шудааст, кафолати амалӣ шудани онҳоро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онро низ муайян мекунад. Ин аст, ки иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил, истироҳат дар Кодекси меҳнат, қонунҳо дар бораи маориф, тандурустӣ ва ғайраҳо дарҷ гардидааст. Моддаи 9-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18 майи соли 2017, №397 низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муқаррар мекунад, ки чунин ҳолатро на мухолифат, балки мутобиқат арзёбӣ кардан мумкин аст. Қисми 2 банди 10-уми моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 18 майи соли 2017, №397 ба вазорату кумитаҳо ва дигар мақомотҳои назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи қабули қарор ва фармоишро додааст. Дар ин ҳолат принсипи тобеияти санадҳо нисбат ба якдигар низ пурра риоя гардидааст.
Хуллас, меъёрҳое, ки ҷаноби “профессор” ба он ишора мекунад, ки гӯё ба онҳо қарори мушовараи вазорат мухолифат дошта бошад, асоси воқеӣ надорад, зеро Конститутсия мушаххас чор ҳолати маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсон, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бо мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳамчунин бо мақсади ҳимояи тамомияти арзии ҷумҳурӣ дар дигар ҳолатҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инкишофи худро дар қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меёбанд.
Чорум, тартиби тафсири моддаҳои 84, 85 ва 86-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”-ро “профессори” муҳтарам аз рӯи диди худ таҳлил намудааст, ки он дақиқияти ҳуқуқиро талаб мекунад. Якум, агар ҷаноби “профессор” қисми якуми моддаи 84-уми қонуни мазкурро дар назар дошта бошад, пас Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мушовараро тибқи банди дахлдори моддаи 9–ум тасдиқ намудааст. Дигар бандҳои моддаи мазкур ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм умуман дахл надоранд, чунки мавзӯи танзими қарор мутобиқ ба қонунҳои соҳаи маориф ба тасвиб расидааст. Предмети тафсири моддаи 85-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, муҳтарам “профессор”, санадаҳои меъёрии ҳуқуқианд, на санадаҳои меъёрии зерқонунӣ. Аз ҷониби дигар, дар моддаи мазкур сухан дар бораи бартараф намудани мухолифатҳо байни қонунҳо меравад, на санадҳои зерқонунӣ.
Тавсеаи “профессор” дар хусуси моддаи 85-и қонуни мазкур - бартараф намудани ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавсеаи касбӣ нест, чунки бори дигар хотирнишон месозем, ки ҳеҷ гуна мухолифати ҳуқуқӣ ва меъёрӣ ҷой надорад. Гузашта аз ин, қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тафсирӣ низ арзёбӣ карда мешавад. Бандҳои он пурра, ҳаматарафа ва тибқи Конститутсия ва қонунҳои соҳаи маориф ба тасвиб расонида шудаанд.
Иловатан ба тафсирҳои ҳуқуқӣ, ки дар боло зикр кардем, мехостем аз нигоҳи дини мубини ислом низ ба “профессор”-и муҳтарам як нуқтаро хотирасон намоем. Чунонки ҳамагон медонанд, калимаи нахустини раббонӣ ё ин, ки ваҳйи илоҳӣ, ки ба пайёмбари ислом нозил гардид, “Иқраъ!” буд. Яъне, “Бихон!”, на “Ид кун!”, “Ибодат кун!”, “Ҳаҷ кун!” ва ё амсоли он. Ба ибораи дигар, бо ишораи “Бихон!” бандагонашро ба илм омӯхтан даъват кардааст. Пас, Вазорати маориф ва илм магар хато кардааст, ки ҳазорон насли наврасро, хусусан онҳоеро, ки бори аввал қадам ба мактаб мениҳанд, ба хондан, дониш андӯхтан, таълим гирифтан даъват кардааст? Аз ин рӯ, муҳтарам “профессор”, тасмими Вазорати маориф ва илм, ки хонандагону донишҷӯёнро дар рӯзи ид ба хондан сафарбар кардааст, ба руҳияи илмпарваронаи дини ислом низ мутобиқати комил дорад.
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |