Боздошти “командир” Эгамов барои порагирӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти мақомдори Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара хабар дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, шаҳрванд “А” ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд муроҷиат намуда, арз доштааст, ки корманди Комиссариати ҳарбии Исфара бо лақаби “Командир” бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз ӯ барои аз хидмати ҳарбӣ озод намуданаш 1800 доллари ИМА талаб дорад: “Дар пайи дарёфти ин муроҷиат, кормандони Агентӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии Исфара капитан Эгам Эгамов, ёрдамчии калони сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссаритаи ҳарбии шаҳри Исфараро баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1800 доллар дастгир намудаанд. Маблағи зикршуда аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”.
Дафтари матбуоти Агентӣ афзуд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати Эгам Эгамов бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |