Бахшҳо

(САДО) Супориши раиси вилоят: Аз падару модарон барои таъмири мактаб ягон сомонӣ нагиред

Ахиран, се ниҳоди баландпояи вилояти Суғд эълон карданд, ки шурӯъ аз соли 2018 ба ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии шимоли кишвар барои таъмиру тармим хотима дода мешавад.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соли 2018 дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят, бо шумули Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ қатъ мегардад. Ӯ мегӯяд, дар шаҳру навоҳии номбаршуда мизони иҷроиши андоз бад нест ва барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ имкон доранд: "Иқдоме ки мо ба назди худ гузоштем, оҳиста-оҳиста даст кашидан аз ҷалби маблағҳои волидон барои таъмири мактабҳо мебошад. Афсӯс, ки ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пурра инро супориш дода наметавонем, чун бисёри шаҳру ноҳияҳои мо имконияти молиявӣ надоранд ва маблағгузории сарикасӣ дар мактабҳо амал мекунад. Барои ҳамин, дар машварати ҷамъбастӣ тавсия додем, ки шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Гулистон, Бўстон, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан дар навбати аввал, аз соли 2018 аз падару модар барои таъмири мактабҳо ягон сомонӣ ҷамъ накунанд".



Раиси вилоят дар идома гуфт, қасд доранд, давоми 2-3 соли оянда ҷамъоварии маблағи таъмиру тармим дар тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари Суғдро низ қатъ намоянд. Ҷаноби Қодирӣ афзуд, дар ин сурат бисёр камбудиҳои соҳаи маориф бартараф шуда, амалҳои коррупсионӣ ҳам аз байн меравад: "Умуман, забонкӯтоҳии худи муаллимон ва кормандони соҳаи маориф назди падару модар аз байн меравад. Мо бояд ҳатман ин корро иҷро кунем".

Ӯ гуфт, иқдоми қатъи ҷамъоварии маблағ аз волидони хонандаҳо барои таъмири мактабҳо нахуст аз забони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе садо дод: "Мо ба иқдоми он кас пайравӣ карда истодаем".

Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдории Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегӯяд, соли оянда аз шаҳрвандон барои таъмири мактабу боғча маблағ гирифта намешавад: "Инро ман расман эълон карда истодаам. Буҷаи шаҳр ба мо имконият медиҳад, ки таъмиру тармими мактабу боғчаҳоро аз ҳисоби буҷа кунем. Вале фақат аз соли нави хониш, чунки аллакай имсол маблағҳо ҷамъ шудааст, сарф гаштааст ва 89%-и корҳо аллакай ба охир расидааст".

Дар ҳаин ҳол, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, таъмири мактабҳои тамоми шаҳру ноҳияҳоро таҳлил кардаанд: "Ҳозир дар ҳамин соли хониш ғайр аз 10 мактабе, ки бинои таълимияш наву ба таъмир эҳтиёҷ надорад, боқимонда 914 муассисаи таълимии мо ба таъмир ниёз доранд, чӣ таъмири капиталӣ ва чӣ таъмир ҷорӣ. Ҳамин сол ба чунин қарор омадем, ки ҳамин соли хонишро мо бо кӯмаки волидон таъмир карда, шурӯъ аз соли хониши оянда, бо супориши раиси вилоят ҳазинаи таъмири мактабҳоро ҳангоми банақшагирии буҷаи соли 2018 ворид намоем".

Мӯҳр
Директорони макотиб аллакай ба маблағситонӣ одат кардаанд. Ин амал мисли нашъамандӣ шудааст. Фармони шумо дар коғаз хоҳад монд. Барои ин амалро решакан кардан парлумони мамлакат бояд қонуне содир кунанд, ки "педагогҳо" аз тарси он қонун ҳар гуна пулситониро бас кунанд. Масалан, пул барои бӯр, латта, краска, журнал, линолеум, печка, рӯзи ҷашнҳо, рӯзи таваллуди роҳбари синф ва ғайра.

Мухтарам раиси вилоят аз Шумо эхтиромона хохиш. Бинои муассисаи тахсилоти умумии асосии раками 34 дар чамоати Лоик Шерали дар шахри Панчакент дар холати ногувор карор дорад. Камтар барои таъмири он кумак мекардед хело хуб мешуд.

Ғариб
Бародарони гиромӣ, ман дар гариби мебошам. Духтарчаи ман имсол синфи як мехонад. Якуми сентябр маслиҳат кардаанд ки 50сомони биёранд... 20 сомонӣ барои торт 20 сомонӣ барои гул 10сомони барои камера... Ин дар хамачо ҳамин хел аст?? Илтимос ҷавоби иниқро интизорам!!!!

Ғариб,
Не, дар дигар ҷо инхел нест. Он роҳбари синф аз ҳад гузарондаст. Ягон дирам надиҳед. Ҳеч кор карда наметавонад. Инҷо шайтонии баъзе волидони лаббайкгӯяк ҳам ҳаст. Ана ҳамунҳо шӯр меандозанд. Лекин пешниҳод ҳамеша аввал аз муаллима мебарояд.

Хамаш дар руи когз мемонад чун ки дар мо назарат нест ва хам намесанчанд бовар намекунам агар хохед ба ин гуфтахояам пура чавоб медихам ру ба ру ё тарики ин раками телфон 907473499

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)