АКС: Дар пардаи тиллодӯзии Каъба 6 миллион $ масраф мешавад

Иршод СУЛАЙМОНӢ, Ҷидда, Арабистони Саудӣ
Ҳамасола қабл аз маросими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ пардаи болои Каъба иваз мешавад. Ҷараёни дӯхтану тиллодӯзии он 8 моҳро дар бар мегирад.
Танҳо барои такмил ва пардози қисмати хаттотишудаи тиллои оёти Қуръони карим дар ин парда 60 рӯз лозим аст. Дар маҷмӯъ барои ин парда, ки 15 метр паҳноӣ ва 12 метр тӯл дорад, ҳар сол 6 миллион доллар масраф мешавад.
Матои парда аз Итолиё оварда шуда, онро дар Арабистон ранги сиёҳ мезананд. Дар Макка коргоҳи махсуси таҳияи пардаи рӯи Каъба мавҷуд аст. Мо аз ин коргоҳ дидан кардем. Онҷо садҳо нафар кор мекунанд.
Танҳо қисмати тиллодӯзишудаи пардаро даҳҳо дӯзандаи арабистонӣ давоми 60 рӯз дастдӯзӣ мекунанд. Ин парда, ки дар арабӣ - "کسوهالکعبه" номида мешавад тиккаи бофташуда аз абрешим ва филизе аст, ки бо оёти Қуръони карим бо оби тилло тазъин шудааст. Ин парда, ҳарсол аз сари нав дӯхта шуда ва қабл аз оғози маросими Ҳаҷҷ бо он Каъбаро мепӯшонанд.
Ин парда то соли 1962 дар Миср дӯхта мешуд. Солҳои пеш, дар қарнҳои гузашта ранги пардаи Каъба сурх, сабз ва ё сафед буд, аммо акнун ҳамеша сиёҳранг бо хаттотии тиллоидӯзишуда зиннат дода мешавад.
Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, мудири масъули коргоҳи дузандагӣ дар суҳбат ба мо гуфт, маводи пардаи Каъба, ҳама аз хориҷи Арабистони Саудӣ ворид мешавад: “Маводи хом -- абрешим аз Италиё ва риштаҳои тилоиву нуқраӣ аз Олмон ворид мешавад. Барои сохтани ҳар порча 120 кг тилло, 100 кг нуқра ва 670 кг абрешим зарур аст”.
Муҳаммад ибни Абдуллоҳ мегӯяд, дар назар аст тамоми кормандони коргоҳ, ки тамоми умр инҷо кор кардаанд, бознишаста шаванд ва як насли ҷавони омӯзишдида сари кор биёяд.
Малик Салмон, подшоҳи Арабистон мошинҳои бофандаи ҷадидеро фармоиш дода ва интизор меравад соли оянда ба кор оғоз кунад. Мошинҳои феълӣ тақрибан 30 соли пеш насб шудаанд.
Дар поёни маросими Ҳаҷҷ, пардаи Каъба ба порчаҳо тикка шуда ва ба созмонҳои мазҳабӣ ва шахсиятҳои бузург тавзеъ мегардад.
Ҳарчанд кори дӯхт ва зиннатбахшии пардаи Каъба тамом шудааст, аммо коргарон аз ҳоло кори рӯйпӯши дигари Каъбаро оғоз кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |