Матвиенко хостори ҷалби муаллимони тоҷик ба Русия шуд
Валентина Матвиенко, раҳбари Шӯрои федералии Русия хостори ҷалби муаллимони тоҷик ба муассисаҳои таълимии Русия шудааст.
Ӯ ин нуктаро 28-уми август дар мулоқот бо омӯзгорони Русия, ки ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, баён доштааст.
Ӯ гуфтааст, баробари фиристодани омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон инчунин масъалаи даъвати муаллимони тоҷик барои табодули таҷриба ба макотиби Русия дида шавад. Раиси Шӯрои федералӣ аз 30 омӯзгоре, ки ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, хоҳиш намудааст, ки аз худ таассуроти нек боқӣ гузоранду ба ҳамтоёни тоҷикашон шеваҳои нави таълимро биомӯзонанд.
Матвиенко аз беҳбуди равобити дуҷониба дар самти маориф зикр карда, афзудааст, ки “ҳоло дар макотиби олии Русия 21 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил дорад, ки бештари онҳо дар риштаҳои буҷавиянд”.
Ӯ ба Президент, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои эҳтиром ба забони русӣ изҳори ташаккур карда, аз Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки будубош ва шароити зиндагии омӯзгорони русиягиро дар Тоҷикистон зери назорат гиранд.
Қаблан Игор Лякин-Фролов изҳори нигаронӣ карда буд, ки давоми солҳои ахир мавқеи забони русӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфта, истифодаи он ба таври назаррас кам шудааст: “Агар мо дар ин самт тадобири ҷиддӣ наандешем, вазъият метавонад ба буҳронӣ табдил ёбад” .
Вячеслав Никонов, намояндаи Думаи давлатии Русия оид ба масоили маориф ва илм низ аз сатҳи истифодаи забони русӣ дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, давоми 25 сол шумораи истифодабарандагони ин забон 50 миллион коҳиш ёфтааст: “То 50 миллион коҳиш ёфтани шумораи истифодабарндагони забони русӣ аз замони пошхурии “СССР” оғоз шуда, ин раванд идома дорад”.
Номбурда гуфтааст, Тоҷикистон омода аст, ки муаллимони моро қабул кунад ва донишҷӯёни тоҷик дар мо зиёд гарданд ва забони русиро омӯзанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |