ВКД сабаби садамаи пурқурбонӣ дар ВМКБ-ро эълон кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Роштқалъа-Хоруғ, ки 10 кушта барҷой гузошт, дар пайи сангрезӣ рух додааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 29-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мусофирбари “Старекс”-и ҳомили 13 нафар субҳи 28-уми август дар пайи резиши санг ба дарё сарозер шудааст.
Ӯ афзуд, дар пайи ин садама, 10 нафар, аз ҷумла чор кӯдак ба ҳалокат расида, се нафари дигар ба шумули ронанда дар бемористон бистарӣ мебошанд.
Умарҷони Эмомалӣ таъкид намуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва ҷузъиёти бештар баъдан ироа хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |