Ёдбуди бузургон: Усмонов гуфт, пул ҷамъ орему хостаи А.Сатторро иҷро кунем (АКС)

Рӯзноманигорони тоҷик имрӯз, 28-уми август дар Душанбе аз Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистон ва рӯзноманигорони дигари тоҷик, ки давоми ду соли ахир даргузаштанд, ёд карданд.
Дар маҳфили ёдбуд, ки бо ибтикори нашрияи “СССР” дар бинои “Шарқи Озод” баргузор шуд, хотири Акбари Саттор, Раҳими Ашроф, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Аброри Зоҳир, Асадулло Саъдуллоев Темур Султон, Убайдуллоҳи Ширин, Галина Зутсева, Толиби Сангин, Муҳаммадҷон Мирзошоев, Маъруфи Бобораҷаб, Кароматуллоҳи Аҳмад пос дошта шуд.
Профессор Иброҳим Усмонов дар маҳфил пешниҳод намуд, ки Китоби журналистони Тоҷикистонро, ки Акбаралӣ Саттор мехост, руи чоп орад, бояд омода ва нашр кард.
Иброҳим Усмонов гуфт, Энсиклопедияи журналистони Тоҷикистон, монанди китоби адибони Тоҷикистон мешавад, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дорад: “Агар ҳар кадомамон чандсумӣ пул ҷудо кунем ва тавонем то соли оянда ин энсиклопедияро нашр кунем, дар болояш менависем, ки ташаббуси ин китоб аз ҷониби Акбаралӣ Саттор аст”.
Усмонов афзуд, ҳамаи журналистонро мо наметавонем дар як чунин маҳфил ёд кунем бинобар ин як энсиклопедия бояд ташкил кард ва ҳама журналистонро ҷой додд: “Ҳам ҳар журналисти оянда медонад, ки дар як китоб ақаллан номаш мондааст ва хотирае аз вай ҳаст”.
Усмонов дар идома аз мардонагӣ ва хайрхоҳии Акбари Саттор барои журналистика ва журналистони солҳои 90-ум ва баъд аз он ёдовар шуда, гуфт, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар соли 1989 чанд бино ва 2 мошин дошт: “Аммо Акбаралӣ замоне роҳбари ин ташкилот шуд, ки ҳеч ҷиз надошт. Акбаралӣ дар замони худ бо пули худ коргар гирифтанд, маош доданд, сохтанд онро эҳё карданд ва дар муҳити расмӣ барои эътибори нав пайдо карданаш нақш гузоштанд, ки мутаассифона аз он кас пеш будаҳо инро анҷом дода натавонистанд”.
Лидия Исамова, журналисти тоҷик дар навбати худ гуфт, бо гузашти ду сол барояш мушкил аст, ки дар бораи Акабарӣ Саттор ҳарф занад: “Ӯ намунаи олии журналист, менеҷер, рафиқ ва дӯст аст, ки ҳамеша барои кӯмак омода буд”.
Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 28 август аз олам даргузашт.
Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон-“Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджест пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |