Розигии Э.Раҳмон аз ҳамкории амниятиҳои тоҷик бо ҳамтоёни покистонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми август дар мулоқот бо Қамар Ҷовид Баҷва, сардори Ситоди артиши Покистон масоили амниятиро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Покистони ба мо дӯст, ин мусоидат ва иштироки фаъол дар таъмину таҳкими сулҳу суботи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Раисиҷумҳур изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки солҳои охир ҳамкориҳои артишҳои миллӣ, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб карда истодаанд: “Ҳарду ҷониб изҳори омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо, ки бар асоси эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ идома меёбанд, таъкид намуданд”.
Манбаъ мегӯяд, кумакҳои низомию техникии ҳукумати Покистон, ки дар тақвияти иқтидори амниятии Тоҷикистон барои мубориза бо хатарҳои минтақа нақш мегузоранд, аз мавзӯҳои дигари мулоқот будаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ба эътидоловарии вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |