Гузориш аз бузургтарин маркази нашри Қуръон (АКС)

Иршод Сулаймонӣ, Мадина, Арабистони Саудӣ
Муҷтамеи нашри Қуръони Карим дар Мадина, ки соли 1985 таъсис дода шудааст, бузургтарин маркази нашри Қуръон дар ҷаҳон мебошад. Ин муҷтамеъ ба номи Малик Фаҳд шоҳи вақти Саудист, ки ба нашри Қуръон ба забони арабӣ ва забонҳои дигар сару кор мегирад. Ин ниҳод яке аз ҷойҳрест, ки аксари зоирин аз он дидан мекунанд.
Ҳайати мо ҳам аз ин Муҷтамеъ дидан намуд ва ҳамчунин садорати он як нишасти вижаи матбуотие пиромуни чигунагии кори ниҳодашон баргузор карданд. Назар ба қавли раҳбарияти ин ниҳод, Муҷтамеъ 1700 корманд дорад ва дар як сол наздик ба 10 милюн нусха Қуръони Карим нашр менамояд. То кунун ин ниҳод 60 тарҷумаи гуногун аз китоби муқаддаси Қуръонро ба 44 забони дунё (23 забони осиёӣ, 10 аврупоӣ, 11 африқоӣ), аз ҷумла тоҷикӣ нашр намудааст. Дар баробари ин ин Марказ намунаи шунидорӣ (аудио) ва дидори (видео)-и ин китоби муқаддас ва дигар осори исломиро низ роҳандозӣ кардааст. Аз соли 1985 то кунун ин ниҳод бештар аз 160 нашри Қуръонро бо теъдоди 128 милюн нусха ба табъ расонидааст. Нусхаи асле, ки ин Муҷтамеъ бар асоси он Қуръонро нашр мекунад аз сӯйи Усмон Тоҳо навишта шудааст.
Ин ниҳод то кунун 127,420,423 нусха Қуръон, 1,817,129 нусхаи шунидорӣ, 24,624,813 нусха тарҷума (ба забонҳои гуногун), 47,592,277 нусха пораҳое аз Қуръон, 210,000 нусха маҷмуаи ҳадисҳо, 4,668,941 нусха осори лигари исломӣ ва дар маҷмуъ 206,333,583 нусха интишор намудааст.
Ин Муҷтамеъ Шурои уламо дорад, ки масоили таҳрир, дурустӣ, мутобиқат ва таҳриф нашудани матни аслро назорат мекунад. Ин ниҳод ба ҷуз корҳои нашароти, инчунин ҳамоишу конфаронсҳоро дар мавриди масоили нашри Қуръон ва улуми қуръонӣ баргузор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |