Ҳалокати ду нафар зери “Дулан”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи чаппашавии мошини борбари “Дулан” дар роҳи Ваҳдат-Норак-Данғара ду нафар ҷон доданд.
Тибқи иттилои ВКД ҳодиса баъди зуҳри 27-уми август рух дод: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, таҳти идораи Акмал Ҷӯрақулови 29-сола, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳ чаппа шудааст”.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа худи ронанда, Акмал Ҷӯрақулов ва мусофири дохили автомашина Сафархон Абдуллоеви 37-сола, сокини ноҳияи Ёвон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд: “Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |