Ҳукумат ба ҳунарманде, ки 200 шогирд дорад, 50 000 сомонӣ медиҳад
Ҳукумати вилояти Суғд эълон кардааст, ба ҳар ҳунарманде, ки 200 шогирд омода мекунаду соҳиби шаҳодатномаи касбии мақомоти шуғли аҳолии вилоят мегардонад, 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи расмии ҳукумати Суғд, қарори раиси вилоят дар ин бора 21 августи соли 2017 ба тасвиб расид.
Манбаъ афзуд, барои тайёр намудани 150 шогирд 30 ҳазор сомонӣ, 100 шогирд 20 ҳазор сомонӣ ва барои тайёр намудани 50 шогирд 10 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳукумати вилояти Суғд ҳадафи ин иқдомро эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ба ҷойи корӣ таъмин намудани онҳо ва арҷгузорӣ ба меҳнати ҳунармандон арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |