Теъдоди муддаиёни курсии президентӣ аз 59 ба 46 расид
Соҳибкор Оқилбек Мансуров номзадии худро, ки ахиран аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми президентии Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябри ин кишвар пешниҳод карда буд, бозпас гирифт.
Ба иттилои Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Қирғизистон, теъдоди довталабони курсии президентӣ дар ин кишвар, аз 59 то ба 46 нафар коҳиш ёфтааст.
Се номзади дигар -- нафақахӯр Марат Имонқулов, соҳибкор Сайниддин Султониддинов ва раҳбари Анҷумани истеҳсолкунандагони ватанӣ Боқид Дегенбоев низ 24 август номзадии худро бозпас гирифтанд.
Ҷамъан 59 нафар номзадии худро ба мақоми президентии Қирғизистон пешниҳод карда буданд. Дертар КМИР Қирғизистон номи 5 нафари онҳоро бинобар риоя накардани қоидаҳои иштирок дар интихобот аз рӯйхат берун кард.
Интихоботи навбатии президентии Қирғизистон 15 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |