Бахшҳо
26 авг 2017 08:29Тоҷикистон / Муҳоҷир

Аксари русҳо ҷонибдори маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд

Як назарсанҷии Маркази Левада (Левада-центр) маълум кардааст, ки бештари русҳо мехоҳанд, мизони вуруди муҳоҷирон ба Русия маҳдуд карда шавад.

58 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, бояд ҳукумати Русия мизони вуруди муҳоҷирони кориро маҳдуд намояд. Танҳо 6 дарсад ҷонибдори ҷалби муҳоҷирон будаанд.

Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” гуфтааст, ҷонибдорони маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирон аз оқибатҳои бади он бехабаранд. Ӯ дар суҳбат ба хабаргузории “Национальная служба новостей” изҳор дошта, ки ба Русия неруи арзони корӣ меояд ва онҳо аслан корҳои “сиёҳ”-ро анҷом медиҳанд, партовҳоро меғундоранд: “Вақте касе ба тамизкорӣ машғул намешавад, кишвар ба як партовгоҳи бузург табдил меёбад. 90 дарсади ҷавонони Русия омода нестанд, ки ба ҷойи муҳоҷирони меҳнатӣ кор кунанд”.

Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз миллион нафарро ташкил медиҳад. Муҳоҷиронро дар Тоҷикистон “ноноварон” мегӯяд, бори аслии зиндагӣ бар души онҳост. Солҳои охир дар пайи буҳрони молӣ ва шадид шудани қонунгузории муҳоҷирати Русия вазъи муҳоҷирон вазнин шуд. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз он кишвар бо баҳонаҳои мухталиф ихроҷ шуда ва аз ҳаққи дубораи вуруд ба он кишвар аз 3 то 5 сол маҳрум гардиданд.
Мӯҳр
Русҳо шукр кунанд. Муҳоҷирони меҳнатит тоҷик натанҳо корҳои вазнину чиркинро иҷро мекунанд. Онҳо гоҳ-гоҳе ба дигар "корҳо" низ даст мезананд. Мо дар барномаи ТВи русҳо мебинем, ки онҳо шадидан сиёҳсару сиёҳқошу чашм шудаанд. Ин ҳам аз "заҳмати ғайрирасмии" шербачаҳои тоҷик аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)