Кумакхоҳии Русия барои шиносоии 3 кӯдаки ҷангҷӯён аз Тоҷикистон
Русия барои муайян кардани шахсияти се кӯдаке, ки аз мавзеъҳои зери назорати гурӯҳи даҳшатафкани ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқ пайдо шудаанд, аз мақомоти Тоҷикистон кумак хостааст.
Ин кӯдакон баъди озодсозии шаҳри Мавсил аз ҷангиён ба пойтахти Ироқ, шаҳри Бағдод интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти рус, онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ тасдиқ кард, ки мақомоти рус аз онҳо дар ин бора кумак хостаанд. “Вале шиносоии ҳуввияти онҳо вақт мехоҳад. Бахусус, ду танашон дар бораи волидайни худ чизе гуфта наметавонанд”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, дар ҳоли ҳозир мақомоти тоҷик ҷустуҷӯро аз кӯдаке оғоз кардаанд, ки дар як паноҳгоҳи Ироқ нигаҳдорӣ шуда, баъзе ҷузъиётҳоро дар бораи худ медонад: “Кӯдаке, ки номи худро Марям номид, баъзе далелҳоро баён дошт. Гуфт, дар Миср таваллуд шудааст ва падараш тоҷик аст. Мо рӯйхати дар Миср таҳсилкардаҳоро ҷустуҷӯ дорем. Ин духтар 7-8 сола аст. Дар он ҷо таваллуд шуда бошад, падару модараш хеле барвақт рафтаанд. Ба ҳар ҳол, ҷустуҷӯро оғоз кардаем. Аксҳоро ба наздикони онҳое, ки дар Сурия ҳастанд, нишон медиҳем”.
Тибқи иттилои расмӣ беш аз 200 кӯдаки тоҷик ҳамроҳ бо хонаводаҳои худ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аз сарнавишти онҳо ҳеҷ иттилое рӯи даст нест. Пайвандонашон дар Тоҷикистон мегӯянд, моҳҳо боз аз Сурия ва Ироқ касе ба онҳо занг намезанад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |