Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳурин санадҳо- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва категорияҳои онҳоро муайян карда, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти онҳоро танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро муайян намуда, бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии инсон таҳия ва қабул карда шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба консессия танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консенсия додани объектҳо, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои консессиядор, инчунин дигар масъалаҳои ба консессия додани моликияти давлатиро муайян менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» мўҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, тартиби ташаккули нусхаи онҳоро ҳамчун манбаи захиравии фонди миллии иттилоотию китобхонавӣ, таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии ҳуҷаттҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳоро танзим ва муайян менамояд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои ҷумҳурии Тоҷикистон» низ бо мақсади такмили сохтор ва фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин мақомоти судӣ ва судяҳо равона карда шудаанд.
Мӯҳр