Гуфта мешавад, ин ниҳоди молии байнулмилалӣ қасд дорад дар амри эҳдоси ин пружа 200 миллион доллари амрикоӣ қарзи боимтиёз ироа кунад. Тарҳи мазкур кашидани хатти баландшиддати интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад.
Бино ба қавли коршиносони соҳа ҷиҳати пурра амалӣ шудани ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.
Маврид ба ёдоварист, парлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишнома миёни Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар бораи эҳдоси хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |