Бахшҳо

Арабистон: Тасаввур ва воқеият-2

Иршод Сулаймонӣ, Ҷидда, Арабистони Саудӣ

Арабистон: Тасаввур ва воқеият

Дар Ҷидда, ки ду се рӯзе дар чанд хиёбон, фурӯшгоҳ ва ду-се то маркази тафреҳи кӯдакон гаштугузор кардам, камтар ба ин бовар будам, ки ин шаҳре аз шаҳрҳои Арабистон аст. Албатта қисмати бештари занҳо ниқоб доранд, вале теъдоди занҳову духтароне, ки ниқоб надошта бошанд (рӯйҳошон кушода) низ кам надидам. Ҳатто дар марказҳои тафреҳӣ барои кӯдакону наврасон ҷавондухтаронеро ҳам вохӯрдан имкон дорад, ки рӯсарӣ надоранд.

Бар хилофи тасаввури ман дар ин шаҳр ҷавонҳо бисёр ришҳои баланду дароз надоранд. Аксари ҷавонон ришҳои пасти дизойншуда доранд ва бештари насли миёнсолтар ҳам риш надоранд.
Мисле дар қисмати аввали ин навишта гуфтам, дар Ҷидда нархи навои мағозаҳо дар қиёс бо бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ арзонтаранд. Яке аз ҳамсафарони курдиямон, ки соли гузашта ҳам ин ҷо будааст, мегӯяд, бозорҳои суннатии ин шаҳр (ки ман то кунун нарафтаам) бо тафовут аз шаҳрҳои дигари ин кишвар арзонтаранд. Ин шаҳр мағозаҳои ҷамъие дорад бо номи “Mall of Arabia”, ки молу колоро хеле гарон намефурӯшанд.

Зарур шуд, ки дар яке аз мағозаҳои бузург бо номи “Max” як ду чиз бихарам. Ман ки инглисиро тақрибан намедонам ва арабии бисёр хароб дорам пули риёл надоштам. Барои фурӯшанда доллар додам, мегуфт бояд риёл дошта бошам ва раҳнамойӣ кард, ки биравам унтарафтар дӯкони саррофӣ аст. Вале ман гуфтам, на арабӣ баладам ва на инглисӣ ҳаминро бигиру чораи корро бикун. Маҷбур шуд яке аз дӯстонашро фиристод саррофӣ, долларро риёл карду овард. Ба ҳар ҳол арабҳо, ки мардуми тоҷиранд ва суннати туҷҷориву савдогарии қадимие доранд он чунон муносибат мекунанд, ки шумо ҳатман миннатдор мешавед.

Дари бозору мағозаҳо вақте азони намозҳо гуфта мешавад, баста мешаванд, то замоне ки намоз тамом нашавад. Чизи дигаре ки барои ман дар ин шаҳр ва дар маҷмӯъ чанд шаҳри ин кишвар ғайриинтизор намуд ин набуди чароғи раҳнамо ва аломатҳои роҳ аст. Бо вуҷуди ин ки ин шаҳр як шаҳри пурмошин аст ва тақрибан нақлиёти ҷамъиятӣ надорад, аломатҳои роҳ, ки ҳаракати пиёдагардҳо ва мошинҳоро танзим кунанд, вуҷуд надорад.

Дар хиёбонҳои шаҳр пиёдагардон тақрибан нестанд. Ин шояд аз гармии бисёр шадиди ҳаво бошад ва ё чизи дигаре, ки чунин аст. Мардуме, ки мошини хусусӣ надоранд бо таксӣ гашту гузор мекунанд. Таксӣ дар ин шаҳр хеле фаровон аст ва агар каси пиёдаеро бибинанд ё садояш мезананд ва ё омада дар муқобилу баробараш чароғҳояшонро чанд бор хомушу рӯшан мекунанд. Набуди аломати роҳҳову чароғи раҳнамо барои меҳмононе, ки ба ин шаҳр меоянду гардиш мекунанд, хеле мушкилзост. Дар рӯзи аввале, ки ба гардиш рафтам агар ҳамсафарам, дӯсти оржентиниям Холид намебуд, ҳеч вақте наметавонистам роҳро ба самти мағоза убур кунам. Чун тасаввур намекардам, ки бояд аз бероҳа убур кунам. Дар Ҷидда одатан намозро дар яке аз масҷидҳои наздик ба ҳутал мехонам. Дар мавриди масҷид инро мегӯям, ки дар ин шаҳр масҷидҳо хеле тозаву тамизанд. Ҳар касе ба шеваву мазҳаби худ намоз мехонад.

Бо як дӯсти қирғизам (номаш Адолат), ки корманди телвизюни давлатии Қирғизистон аст, хостем аз чанд раҳгузар назар бигирем. Ҳангоми назарпурсӣ мушоҳида мешавад, ки мардум зиёд моил нестанд, дар мавриди масоили хусусияшон ва ё давлат суҳбат кунанд.

Баъзе аз дӯстону бародарон шояд нуктагирӣ кунанд, ки ман Ҳаҷҷ рафтаам ва ё сайру тамошо, ки дар мавриди чигунагии Ҳаҷҷу маносики он ва дигар ҷанбаҳои шаръии ин рукни бисёр муҳими дини мубини Ислом наменависам ва бештар рӯйи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ тамаркуз мекунам. Вале дӯстон ҳатман медонанд, ки дар мавриди чӣ гуна анҷом додани маносики Ҳаҷҷ ва шеваҳовутаҷрибаҳо ва дигар ҷанбаҳои шаръии мавзӯъ китобҳои зиёде ҳаст. Вале дар мавриди вазъи иҷтимоиву дигар масоили кору рӯзгори Саудиву саудиҳо мо камтар медонем. Хостам ин камбуди иттилоиву шинохти дӯстонро таллофӣ кунам. Вале агар Худо хоста бошад ва имкон шаваду ин сафаргуфтаҳоро дар шакли китоб нашр кунем, мехоҳам, ки дар ин масоил ҳам аз нигоҳи худам суҳбат кунам.

Вале дар ҳамин навиштаҳо ҳам дар мавриди баъзе дидорҳои худ аз Муҷтамеи нашри Қуръони Малик Фаҳд, Намоишгоҳи Қуръон, Музеи меъморӣ ва тавсеаи Масҷиди Набӣ, куҳи Уҳуду шуҳадои Уҳуд, Масҷиди Қубову Музеями шаҳри Мадина ва дигар амокини муқаддасу дидании Мадина бинвисам. Худо кунад, ки муваффақ шавам.


(давом дорад)
Мӯҳр
Камол
як маслихат навиштани боши точики навис. . хамин лахчаи эрони дар бадам зад: дизойн, тилвзюн, ...

333
и мард хач куни рафтаги я назорату таъриф куни ку озодагон маълумот дихе

рохруб
Бародар ту ба арабо чи кордори риш монд намонд, руймол дошт надошт, ту Мусулмон боши пайрави ба сунату куръон кун мардуми арабистон хусусан дар хамин давру замон хуччат-ул-Ислом шуда наметавонад!!!

Мусо
Hajjat kabul bodo va ba hakki mo niz duo kun, ki duoi musofiru hoji mustajob meshavad meguyand va mo niz duoguem ki hajjat kabuli Xudovand gardad, omin va rabbulolamin!

Якуб
Як маколахое менависа ки ягон маъно надорад.Эй бародар мохам медонем , мохам будем лекмн инкадар аз чойхои дидагиамон повест наменависем.Чиба рафти Арабистон хамукка хайрхохи пулота дар Точикистон хайр кун.

Ташакури зиёд бародар хело маълумоти хуб ва ман хуш шудам рости манам гумон мекардам,ки Арабистони Сауди ягон ҷои тафриҳ надорадва барои мардум шароите чун шумо баён кардед нест. Вале воқеият дигар будаст. Беҳтарин Худованд моро ҳам насиб кунад.

Ba IRSHOD
телвизюни мушкилзост оржентиниям инглиси баладам туҷҷориву тафреҳӣ дизойншуда

JURAJON tu kadom donishgohro khatm kardi??? Va ba tu dustam ki DIPLOM dodaast???
Ozodagon ku ozod boshed rui chop ored.....

Донишгоҳро хатм карда забони инглисиро ақаллан дар сатҳи гуфтугӯӣ надонед, ин хеле бад аст. Акнун қоил шудед, ки фақат бо донистани забони русӣ ба ҷое намерасед. Русӣ фақат барои ТҶ ва Русия аст.

в
Юсуф,
Хамин русиро хам намедонад.

Махмасиид
Ба Юсуф

Охир туро ки мачбур кардааст ки ба Россия рави? Омуз забонхои хоричиро, чи магар аз Россия омада пеши рохи туро махкам кардаанд? Аз дасти худат ки ягон чиз намеояд, баъд ба танкиду гайбат медарои.

Ба Иршод
Наход дар забони точики калимахое наефта аз ким кадом лугатхо калимахои гайриточикиро пайдо карди? Бас аст забони точикиро ба эрониву афгони табдил додан. Наход дипломи оли дошта акалан чор панч калимахои англисиро надони?

Ҳасад чӣ мебарӣ эй бесавод ба Иршод,
Қабули ҳаҷҷу дидори Равза, Худо додаст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)