Бахшҳо
24 авг 2017 12:15---

Ҳаётой Муминова ба вакили парлумон: Сарояндаҳоро не, худи Шуморо танзим кардан даркор

Ҳаётой Муминова, овозхони маъруфи тоҷик ба пешниҳоди як вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки хостори танзими нархгузории сарояндаҳо дар тӯйю маъракаҳо шуд, вокуниш кардааст.

Вакили парлумон Ҷаббор Ахмедов чоршанбеи 23 август дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфт, бархе сарояндаҳо барои иштирок дар тӯй аз 500 то 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб мекунанд, ки хеле гарон аст. Ӯ дар идома пешниҳод кард, нархи иштироки овозхонҳо дар тӯйҳо танзим карда шавад.

Ҳаётой Муминова зери ин хабар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, аз чунин вакил шармаш омад. Ин хонандаи саршиноси тоҷик хитоб ба Ахмедов гуфтааст: “сарояндаҳоро не худи Шуморо танзим кардан даркор, муҳтарам вакил!”.

Идомаи вокуниши Муминова: “Муҳтарам, вакил. Оё Шумо медонед, ки сарояндаи касбӣ 400, ҳунармандони мардумӣ 700 сомонӣ маош мегиранд!!! Ӯ ҳам мисли дигарон рӯзгор дорад, фарзанд дорад, пули барқу тамоми хизматҳои коммуналиро пардохт мекунад!!! 1 сароянда 10 каси дигарро нон медиҳаду боз пули андоз супорида, ба буҷаи давлат фоида меорад!!! Аз рӯи 2-3 сарояндаи гаронарзиш дуруст аст ки ҳамаи сарояндаҳоро ба як киштӣ бор кунед? Шумо, ки тӯй кардед, умуман сароянда набиёред!!!”

Акс аз саҳифаи Фейсбуки Ҳаётой Муминова
Мӯҳр
аслан ин конуни танзим галат аст. Мисли чк бемори хаст, ки ангезахои гуногун медихад. Одам агар вокеан хам бафарханг бошад ва ояндаи фарзандашро фикр кунад, харчи бехуда намекунад. Бехтараш мардумро имкони рушд медодед, вакили мухтарам.
Баъди дарахтбури конуни танзим, баъди конуни танзим конуни санчиши солимии шаху арус (инаш бевосита дахолат ба чои хоби одамон аст).
Кор нест, маош нест, имкони пешрафт нест, барномае барои рушди хакии зан нест.

Аллакай дар таги пусти сарояндагон кайк даромад. Рост мегуяд мухтарам вакили мардуми! Шумо сарояндахо халкро фиреб карда, бо фонограмма мехонеду пули бедардимиен кор мекунед. На танхо маоши шумо сарояндахо, балки маоши тамоми мардум чунин аст. Бигузор дар туйхо аз дискхо истифода бурда шавад. Сарояндае, ки омада, бо фонограмма мехонад, чи лозим? Ин сарояндахо пули сомониро кадр накарда, бо доллар " заказ" мегиранд. Бигузор онхоро низ барои нахурматии пули Милли ба чавобгари кашанд!!!!

Чи пешниходи хубе кардед мухтарам валил бовар кунед, Шумо бояд аввал аз хамин сарояндахо танзимро сар мекардед, чун ки харочоти асосии туй ин кироя кардани сарояндахо дар туй мебошад. Мо тарафдори пешниходи Шумо мухтарам вакил хар чи зуттар сарояндахоро аз вазьи зиндагии мардум бохабар кунед. ТАШАККУР БА ВАКИЛИ МУХТАРАМ!!!!

Сиёсатмадор
Духтуру муаллимам 400-700 сомон маош мегира. Пули андозу кувваи барку нон медиханд. Лекин вакте ки назди духтуру муаллим мерен 5-20 метен дарав дар СОМОНАХО менависен ки духтуру муаллим пора мегиранд.
Сароянда 3 соат бо фанаграмма мехона 500-5000доллар мегирад.
МУХТАРАМ ВАКИЛОН хаму шумора ба танзим даровардан даркор хам САРОЯНДАХОра.

Апаи Хаёотой, магзи гапро гуфти. Хайрият пешниходи вакил холо мавриди омузиш карор дорад. Набошад мисли нафакагирони аз соли 2017-ум махдудиятон карда аз 350 сомони нархи хизмататонро боло намебардоранд!

Факирбача
Вакили парлумон сад дар сад дуруст гуфтааст, ин сарояндахо аз хад гузаронидаанд. 3 соат дуругу рост месароянду маблаги калонро мегиранд.

Ҳаётой Муминова шумо дуруст кайд карден. Ин вакил худро чи хел муарифи карданашро намедонад ва ба хар чиз куш мешавад. Бубенин хама вакилхо худашон маоши хуб ва бонусхоям доро мебошанд. Санъаткор бошад ягон даромади хуб надорад, агар санъаткори касби шудан хохи бояд камаш 10 е 15 сол бояд шабу руз харочот намуда баъдан ба арса мераси. Дар санъат шинос е тага лозим нест. Дар санъат танхо махорати хуб. Хар каси махорати хуб дорад он махорат бояд арзиш дошта бошад. Дар иктисоди бозаргони хама хунар арзиш дорад. Пас бегзор хунари санъаткорони мо вобаста ба хунарашон бояд арзиши хуб дошта бошад. Агар мо конун дар бораи нархи санъаткорро тахия кунем санъати мо коста мешавад. Чун хар як шахс пеш аз хама касберо пеша мекунад,ки дар оянда зиндагии худро пеш барад. Мо бояд ба санъаткори асил , ки садои уро берун аз кишвар гуш мекунанд бояд бонус е ягон имкониятхо ба монанди вакилон дода бошем, ки у санъати моро аз марз ба берун бурд.

кулоби
Мархамат шумо зур бошед чои кор таьмин кунед .1 млн одам дап россия ахволи сага доранд. Конуне ташкил намоед дар мухлати 2сол 1млн мухочира корда таьмин кунед

Факирбача ! Пешниход дорам,ки дар туйят ягон хофизи ба кисаат рост меомадагиро интихоб кун, на ситорахои осмониро,ки бо фаннограма мехонанд.Асосаш базмат хотирмон бошад.

Бехтарин!! Олии сухани СОЛ!!

содиқ
Вақте ин хабарҳоро мешунави гумон мекуни,ки сатҳи бекорӣ аз байн рафтаасту мардум ҳама ба ҷои кор таъмин шудааст. Барои ое,ки дигар вазифае нест,ки иҷро накардабошанд. Барои ҳамин даст ба танзими тую маъракаҳо задаистодаанд. Аслан ин қонун барои мансабдорон ҳиҷ ҷои ташвишаш нест зеро пул аз як кисаашон баромада ба кисаи дигарашон медарояд. Баъд ин,ки шумо муҳтарам вакилон ташвиш нашавед, зеро сатҳи зиндагии мардум то рафт вазбин шудаистодааст. Онҳо зуд алакай чанд соли охир аз исрофкорӣ даст кашидаистодаанд.

Ба Садриддин!!! Максад аз кабули конуни танзим, ин баробари байни мардуми бой ва камбагал аст. Дар назди конун бояд хама баробар бошад. Чи, магар камбагал одам нест, ки ба у таъна мезани, ки ба кисааш нигох карда хофиз биёрад. Агар ту хам мехнати халол мекарди, хеч гох он хофизони осмониро ( ба кавли худат) дар туят оварда наметавонисти. Ба Хаётой Муминова гуфтаниам, ки агар сарояндахоро ба танзим дароранд, аллакай маълум мешавад, ки кадомаш истеъдод дораду кадомаш не. Имруз хама орзуманди сароянда шуданро доранд, ки хеле осон шудааст. Кариб компьютер аз ба чои ту суруд мехонад. Вакилони мухтарам!!!! Илтимос хаминро низ ба назар гиред!!!!

Танзимчи
Сарояндаи мухтарам! Як Шумо не, зиёда аз 90 фоизи халки Точикистон мисли Шумо ва ё аз ин хам камтар музди мехнат ва ё нафака мегиранд. Нархе, ки Шумо сарояндахо барои хизмататон мегиред хеле гарон аст. Мумкин 10 фоизи мардум бемалол дихад, бокимонда мачбур карз мегирад. Вакто, ки гап сари танзим рафт ин холат низ зери танзим карор дорад

Вакил сад дар сад дуруст кайд карданд мМан тарафдори ин пешниходам ва аз хама вакилони мухтарам хохиш мекунам ки ин фикри вакилро дастгири намоянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)