8,5 сол ҳабси заминсози Данғара барои қаллобию "шиносбозӣ"
Додгоҳи шаҳри Душанбе Кабиров А.В, муҳандис-заминсози ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи Данғараро бо ҷурми қаллобӣ 8,5 сол равонаи зиндон кард.
Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Кабиров қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Данғара барои қаллобӣ ба андозаи 1 ҳазору 617 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 64 ҳазору 680 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд: “Аммо ӯ такроран моҳи майи соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии сокини ноҳияи Истаравшан Саидов Д.М даромада ваъда додааст, ки бар ивази 21 ҳазор доллар ҷазоро нисбати бародараш Саидов P.M., ки бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, ки 20 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ба воситаи Суди Олӣ, кам мекунад”.
Ба иттилои додситонӣ Кабиров се маротиба, ҷамъ ба маблағи 21.500 доллар гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст ва ба шаҳрванд Саидов зарари махсусан калон расонидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |