Иттифоқҳои касаба: Тоҷикистониён 3 рӯз истироҳат доранд
Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, мардуми кишвар дар арафи Иди Қурбон се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Иттифоқҳои касаба бо такя ба қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки иди саиди Қурбонро рӯзи ҷумъа, 1 сентябр муайян кардааст, изҳор дошт, ки мардум се рӯз истироҳат хоҳанд дошт: “Дар робита ба ин 1 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Рӯзҳои 2 ва 3 сентябр, яъне шанбе ва якшанбе тибқи тақвим дар кишварамон рӯзҳои маъмулии истироҳатиянд”.
Тибқи қарори Шӯрои уламо, ки 23-юми август қабул шуд, соати 6:30-и субҳи 1-уми сентябр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, идро хоксорона таҷлил намоянд ва ба худнамоӣ роҳ надиҳанд. Ӯ аз афроди доро даъват намуд, ки дар ин иди муборак табақаи ниёзмандро дастгирӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |