АКС: 100 дег ош барои сокинони Суғд ва меҳмонон аз ВМКБ
Ҷашнвораи “Оши палав”, субҳи имрўз, 24-уми август дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-и вилояти Суғд оғоз гардид.
Тибқи иттилои маъмурияти вилояти Суғд дар доираи ҷашнвора беш аз 1 тонна биринҷро дар 100 дег ош мекунанд: “Ҷашнвораи “Оши палав” дар остонаи 26-умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда, дар он ба ҷуз аз сокинони вилоят, беш аз 800 нафар меҳмонон аз ВМКБ низ иштирок доранд”.
Манбаъ афзуд, дар ин ҷашнвора “Намоши ҳунарҳои мардумии ВМКБ” ва маҳсулоти беҳтарини Суғд низ ба маъраз гузошта мешавад: “Дар охири ҷашнвора “Оши палави беҳтарин” муайян карда хоҳад шуд”.
Ҷашнвораи “Оши палав” соли сеюм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад. Бори нахуст соли 2015 бахшида ба 18-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ 2 тонна биринҷро дар 80 дег барои тахмин беш аз 10 ҳазор нафар ош карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |